НОМАИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз!

Сокинони сарбаланди ноҳия

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими дини мубини ислом ва иди сунатии мардуми мусалмони мо мебошад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатию умри бардавом, хонаи обод, дастархони пурфайзу баракат ва оромию осоиши рӯзгорро орзу менамоям.

     Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки сокинони кишварамон расму оин ва ҷашну идҳои таърихии миллӣ ва динии худро озодона истиқбол менамоянд. Иди саиди Қурбон бисёр унсурҳои неки инсондӯстона дорад, ки шахси мусулмон бо анҷом додани онҳо метавонад соҳиби аҷру савоби зиёд гардад. Дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон,  поси хотири гузаштагон,  аёдати пайвандону хешу таборон ва хайру эҳсон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони бемор аз ҷумлаи суннату фазилатҳои хоси  иди Қурбон мебошанд.

Дар ин маврид Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз ҳикматҳои муҳимтарини ин анъанаи неки динӣ иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кӯмак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст».

Яке аз унсурҳои Иди Саиди Қурбон, анҷом додани маросими қурбонӣ ба ҳисоб меравад.  Мову Шумо дар хотир дошта бошем, ки қурбонӣ дар дини ислом як рукни истисноӣ буда, анҷом додани он аз қудрату тавоноии ҳар як шахс вобаста мебошад.

Ҳангоми баргузории маросиму идҳои миллӣ мо бояд ба таассуб, хурофот ва зиёдаравӣ роҳ надиҳем, ҳикмати созандагиву ободкорӣ, раҳму шавқат, ҳамдигарфаҳмиву меҳрубонӣ ва кӯмак ба мӯҳтоҷону камбизоатҳоро аз хотир набарорем.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифродгароӣ дар кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло бо таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Мову Шумо тавассути расонаҳои хабарӣ қариб ҳар рӯз мебинем, ки чӣ гуна ҳазорҳо нафар мардуми мусалмон бинобар ноамнии диёрашон хонаву ватани худро тарк карда, дар орзӯи як гӯшаи ором ҷони худро  аз даст медиҳанд.

Дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пайравӣ ба эътиқодотӣ дини беандозаанд. Бинобар ин бояд ба қадри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, оромию осудагии ватани азизу маҳбубамон расем ва шукрона аз он намоем, ки дар чунин ватани орому осуда зиндагӣ ва умр ба сар бурда истодаем.

Ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри сарсабзию тараққиёт, ободиву осудагии Тоҷикистони азизамон содиқонаю софдилона хизмати арзанда намоем.

Дар охир бори дигар ҳамаи Шуморо бо фарорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, ба Шумо тансиҳативу хотирҷамъӣ, бахту иқболи нек ва файзу баракати рӯзгорро орзу  менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *