АЁДАТИ ПИРОНУ БАРҶОМОНДАГОН ВА НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар арафаи Иди саиди Қурбон дар ҳудуди ноҳия ниёзмандон ва пирону барҷомондагонро аёдат намуда, бо онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маводи хӯрока тақдим намуд.
Имрӯз санаи 5 -уми июни соли 2025 Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода дар арафаи Иди саиди Қурбон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз деҳаҳои ноҳия рафта, пирону барҷомондагонро дар манзилашон аёдат намуд. Зимни аёдат Раиси ноҳия онҳоро ба фарорасии Иди саиди Қурбон табрику муборакбод намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Ҳамчунин дар ин рӯз ба чанде аз шахсони ниёзманди аҳолӣ маводи озуқаворӣ дастрас карда шуд.
Аз ин иқдоми ғамхорона пирони рӯзгор ва қишри ниёзманди аҳолӣ хушҳол шуда, барои чунин амали хайрхоҳона изҳори сипосу миннадории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ расонида, иброз доштанд, ки маҳз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо шахсони барҷомондаву ниёзманд ҳамеша дар мадди аввал буда, дар тамоми ҷашну маросимҳои милливу суннати моро ҳамеша дастгириву ғамхорӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҳар иду айём қишри ниёзманди аҳолӣ собиқадорон ва пирону барҷомондагон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ғамхори фаро гирифта мешаванд.
«ПАЁМИ КӮҲИСТОН


