Баргузории гуштини Ҷудо дар деҳаи Деҳманора

Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар тамоми деҳаҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маданӣ ва варзишӣ ба роҳ монда шудааст.       Бо ин мақсад санаи 16-уми июни соли 2025 Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти хотираи омӯзгори фидоиву Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳум Аминзода Муҳаммадшариф, дар деҳаи Деҳманораи Ҷамоати деҳоти Лангар мусобиқаи гӯштини Ҷудо байни наврасону ҷавонон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва ноҳияи  Мастчоҳ маҳорати баланд ва иродаи қавии худро дар риштаи гӯштини Ҷудо нишон доданд. Ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чорабинии мазкур дар доираи нақшаи баргузории чорбиниҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати Миллӣ сурат гирифта дар дигар деҳаҳо низ чунин чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *