Баргузории иҷлосияи вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Санаи 17-уми июни соли 2025 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон Иҷлосияи дуюм даъвати ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ доир гардид. Дар кори иҷлосия Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд- Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Хоҷазода Хуршедахон, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, шӯъбаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони дигари ба масъалаҳои иҷлосияи имрӯза дахлдор иштирок намуданд. Рӯзномаи Иҷлосия аз чор масъала: Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №689 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ. Дар бораи даровардани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 декабри соли 2020, № 73 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025”.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Валиғонд» №24 Аминов Амин оиди ваколатҳои вакилиаш дар ҳавза. Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия иборат буданд.
Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуда аз рӯи масъалаи якум дар бораи татбиқи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муовини Раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 10 Навруззода Абдуллоҷон баромад намуда иброз дошт, ки таҳти ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизу маҳбубамон дар радифи дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва ба ин васила ҷиҳати зиёд намудани сафи бонувону духтарон дар корҳои идоракунии давлатӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин самт тадбирҳори зарурӣ равона карда шуда, заминаҳои васеъи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, ки дар доираи муқаррароти онҳо имкониятҳои фаъолияти занон дар ҷомеа хело хуб гардида истодааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №689 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин замина баҳри татбиқи Барномаи мазкур дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қарори раиси ноҳия аз 5 марти соли 2025 ба тавсиб расида, дар асоси он нақшаи чорабиниҳо иборат аз 10 банд таҳия гардида, барои амалӣ шудани Барнома тадбирҳои заруриро то ба имрӯз андешида омада истодааст. Дар давоми се моҳи аввали соли 2025 оиди иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» дар ҳамаи маҳалҳои аҳолинишини ноҳия бо фаъолон зиёиён суҳбату мулоқотҳои судманд доир карда шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои Барномаҳои давлатӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор чораҳои заруриро меандешад. Пас аз баромади муовини раиси ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати дар байни аҳолӣ мунтазам бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”,ба роҳ мондани мизҳои мудаввар оиди баррасии масъалаҳои зӯроварӣ дар оила, андешидани чораҳои мушазас дар ҷамоатҳои деҳот дар доираи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” ба роҳ мондани саҳначаҳои тарбиявӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва оқибатҳои он дар муассисаҳои таълимӣ, бахши маорифи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои ташкили клубҳо аз ҳисоби мутахассисон, кормандони фаъол, мактаббачагон ҷиҳати бурдани корҳои тарғибу ташвиқотӣ оид ба тарбияи оилавӣ меъёрҳои ахлоқу одоб, инчунин дар ҷомеаҳои меҳнатӣ гузаронидани соатҳои таблиғотӣ оид ба масъалаи зӯроварӣ дар давоми иҷрои Барнома, гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ бо оилаҳои носолим ва ноустуворе, ки дар онҳо мунтазам зӯроварӣ пайдо мегардад, ҳамкориҳои иҷтимоии сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар маҳалҳои аҳолинишин байни аҳолӣ, зери назорати ҷиддӣ қарор додани раванди татбиқ ва амалигардии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» , баргузории маъвизаҳо дар муассисаҳои динӣ дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” ташкил ва баргузории чорабиниҳои зарурӣ барои кор бо мардон, ҷавонписарон оид ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ҳар моҳ дар байни аҳолӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳо дод. Дар масъалаи дуюми рӯзнома Дар бораи даровардани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 декабри соли 2020, № 73 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025” Раиси ноҳия баромад намуда ба вакилон лоиҳаи қароро барои тасдиқ пешниҳод намуд. Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳавзаи интихоботии “Валиғонд”, № 24 Аминов Амин оид ба ваколати вакилиаш ҳисобот дода қайд намуд, ки дар ин давра қабули интихобкунандагонро дар маркази ҳавзаҳои интихоботӣ доимӣ ба роҳ монда, ҷиҳати мусоидат дар ҳалли муаммо ва пешниҳоди онҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои дахлдор чораҷӯӣ намудааст. Ҳамчунин ҷиҳати тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, баҳри сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстию ватанпарастӣ, пешгирии гаравидани шаҳрвандони алоҳида, ба хусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва зӯроварӣ дар оила пайваста корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монда баҳри ободонии кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамеша саҳмгузор мебошем Ба масъалаи чоруми рӯзнома Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии № 9 Вазирова Гулҷаҳон баромад намуда ба вакилон дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Худгифи соя ба номи шоир ва аъзои иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Шукурзода пешниҳод намуд.
Пас аз хотимаи Иҷлосияи дуюм даъвати ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи
Кӯҳистони Мастчоҳ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хоҷазода Хуршедахон сухан ронда баррасии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ро дар кори иҷлосия саривақти дониста иброз намуд, ки бояд барои татбиқи барномаи мазкур ҳар як сокини кишвар ҷидду ҷаҳд намуда нагузорад, ки омилҳои зуроварӣ дар оила ба миён омада боиси поймолшавии ҳуқуқи занон гардад. Зеро пойдории давлат аз устувории оила сарчашма гирифта бояд падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ дода дар ҷомеа ҳамчун насли солиму хушрафтор ба воя расанд. Ва барои пешрафти Тоҷикистон ҳиссаи арзишманди худро гузоранд.
Дар охир Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло низ суханрони намуда аз вакилон даъват ба амал овард, ки дар ҳамбастаги бо масъулину фаъолони ноҳия ҷиҳати иҷрои амру дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни интихобкунандагон корбарӣ намоянд. Ва барои сазовор ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлоли Давлатӣ корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монда ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷои, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир, ҷалби мардум ба корҳои ободонии маҳалли зист ва муҳити атроф, рушди саноат дар ноҳия, ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагию ободонӣ ва дигар тадбирҳои муҳим дар ноҳия ҳиссаи худро гузоранд.
Паёми Кӯҳистон

Паёми Кӯҳистон

