МУБОРИЗАИ ДАСТҶАМЪОНА БАҲРИ ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ
Санаи 18 уми июни соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатӣ молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон семинар машварат дар мавзӯи Қонунгузории муқовимат бо коррупсия баргузор гардид. Дар кори машварат Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ва Сардори шуъбаи , минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон, полковники адлия Акмалзода Нодирхон Носир , кормандони шуъбаи мазкур мудирони шӯъбаю бахшҳои ноҳия роҳбарони соҳторҳои қудратӣ, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Нахуст Сардори шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон, полковники адлия Акмалзода Нодирхон Носир бо баромади пурмӯҳтавои худ оиди риояи ҳатмии ҳолатҳои даст назадан ба ҳолатҳои корупсионӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, танзими ҷашну маросим, истифодаи оқилонаю сарфакоронаи нерӯи барқ ва дигар масъалаҳо сухан ронда аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри решакан кардани ҳолатҳои корупсионӣ, пешгирии ҳама намуди ҷиноятҳо бетараф набуда бо дасту дили пок дар ҷомеа кор бурда саҳми хешро баҳри ободони ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва диёри худ гузоранд. Дар фарҷом Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода аз масъулин ҷиҳати ба роҳ мондани чунин машварат ва огоҳонидани сокинони ноҳия аз оқибати ҳама гуна қонуншиканӣ, ки барои миллат доғ оварда ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад, изҳори миннатдорӣ намуда иброз дошт, ки дар асоси нақшаи сӯҳбату вохӯриҳо гурууҳои корӣ, ки дар деҳаҳо вобаста шудаанд пайваста мардумро огоҳ менамоянд. Ва дар оянда низ ин иқдом ба роҳ мешавад.


