САҲМИ МО ДАР МАСИРИ ТОЗАВУ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ ВАТАН
Дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 16 ум майи соли 2025 таҳти рақами 271-9/16тф бо мақсади тозаву озода намудани ҳудуди муасиса, кӯчаву хиёбонҳо ҷуйбор, заҳбур, деҳаву маҳалла, боғу гулгаштҳо, гулшинониву сабзгардонӣ, ободии ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар иншоотҳо имрӯз санаи 17 уми майи соли 2025 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷалби сокинони ноҳия, кормандони воҳидҳои сохторӣ, идораҳо, ҷомеаи меҳнатӣ, ташкилоту муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ шанбегии дастҷамъона баргузор гардид. Аҳли ҳашарчиён боғи Парчам, Нишони давлатии назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳраву,ҷуйҳои маркази ноҳияро аз партовҳо тоза намуданд. Ҳамчунин шанбеги дар тамоми деҳаҳои ноҳия баргузор гардида сокинону бошандагони маҳал дар тозагии деҳа, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ саҳми худро гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар тамоми деҳаҳои ноҳия бо ҷалби сокинони маҳал ҳашари дастҷамъона барои ободонию созандагӣ роҳандозӣ гардида ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад
Паёми Кӯҳистон


