ҲАМКОРИИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ВА ДАР МАҶМӮЪ ГУРУҲҲОИ ТУНДРАВИ ХОИН БАР ЗИДДИ АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МАРДУМ МАҲКУМ КАРДА МЕШАВАД!
(Дар робита ба сафари узви «ДОИШ» ва «Ҳизби наҳзати ислом», муовини Муҳиддин Кабирӣ, яъне
Шарофиддин Гадоев ба Афғонистон)
Тибқи ахбори расида Шарофиддин Гадоев, яке аз чеҳраҳои нафратангез, эҳсосотии бидуни ҳадаф ва ғуломи пулу шуҳрату ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷӣ ба Афғонистон сафар кардааст.
Шарофиддин Гадоев, хоини миллат, узви «Паймони миллӣ», ки дар Тоҷикистон ҳамчун гурӯҳи экстремистӣ-террористӣ шинохта шудааст, ба Афғонистон сафар намудааст. Расман набудани сафари ӯ далели бебаҳси он аст, ки ӯ дар ин сафараш бо гуруҳҳои экстремистию террористӣ робита барқарор карда, бар зидди давлату миллати худ қарор гирифтааст. Зеро он маҳз дар заминаи муносибатҳои печидаи геополитикӣ ва авҷи бозигарии абарқудратҳо сурат мегирад.
Ин шахс, ки солиёни зиёд бо шиорҳои ифротӣ ва зиддиҳукуматӣ амал мекунад, ба назар мерасад акнун дар ҷустуҷӯи «платформаи сиёсии нав» аст–он ҳам дар як кишвари ноором ва дорои сохтори идеологияи ифротӣ, ки бо Тоҷикистон сарҳади мустақим дорад. Мақсади эҳтимолии Гадоев аз ин сафари худ, ёфтани пуштибони нави низомӣ ё сиёсӣ дар ҳудуди Афғонистон, ки боиси ташкили як пойгоҳи таблиғотӣ ва эҳтимолан амалии террористӣ ва зиддидавлатӣ гардад. Дуюм, вохӯрии ӯ бо намояндагони гуруҳҳои ифротӣ ва тундгарои мазҳабӣ, аз ҷумла бо қаноти ҷангии «Ҳизби наҳзати ислом» «Ҷамоат-Ансоруллоҳ» бо нияти ба даст овардани масири амну паноҳгоҳ, ки метавонад ба тақвияти хатари амниятӣ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон бирасад. Ӯ бо ин кораш мехоҳад бар зидди ватану миллат, сарзамин ва модару хоҳару бародари худ истод шавад ва барои манфиатҳои ташкилотҳои ҷосусии хориҷӣ кор кунад.
Кӯшиш дорад, ки дар муомилаҳои пинҳонӣ миёни ташкилоти террористӣ, ки шояд ҳадафашон ноором кардани минтақаи Осиёи Марказӣ ва ноором сохтани вазъи қонунӣ дар Тоҷикистон бошад, иштирок намояд.
Аз дидгоҳи дигар гуфтан мумкин аст, ки хоинони миллати тоҷик, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Гадоев Шарофиддин ва дигарон, ки дар Аврупо паноҳ бурдаанд, рӯз то рӯз ҳолату вазъияташон тангтар шуда истодааст, фишорҳои худи ҳукуматҳои Аврупо бар зидди онҳо ҳамарӯза афзуда истодааст, чунки кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто созмонҳои байналмилалӣ чеҳраи террористӣ ва экстремистии онҳоро шинохтаанд ва дар муддати 10 соли охир низ хуб дарк карданд, ки тамоми даъвоҳояшон дурӯғи маҳз буда, иддаое беш нестанд. Аз ин хотир, ин гуруҳи террористон барои ҷустуҷӯи лонаҳои нав дигар роҳҳоро пеш гирифтаанд.
Ҷавонмардони ғаюри миллат ҳамеша бар зидди чунин зуҳуроти номатлуб ва нигоҳдошти амнияти миллии Тоҷикистон мубориза бурда, ният ва ҳадафҳои Гадоев, Кабирӣ ва амсоли инҳоро хунсо менамоянд! Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!
Олимҷон Тошов,
таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ

