Ҷашни пирӯзӣ
Ҳар гоҳе, ки санаи 9-уми май фаро мерасад, ба ёди ҳар як фарди ватандӯст солҳои ҷанги хонумонсӯзу даҳшатноки солҳои 1941-1945 мерасад. Ин ҷангро дар таърих Ҷанги Бузурги Ватанӣ ном ниҳоданд. Ин ҷанг ба таври ногаҳонӣ, бе огоҳии пешакӣ аз тарафи роҳбарони сиёсиии Олмони фашистӣ тарҳрезӣ шуда, 22-юми июни соли 1941 аҳдшиканона оғоз ёфт. Роҳбарони онвақтаи Олмон ин ҳуҷумро бо номи рамзии «Барбаросс» тасдиқ намуданд, ки ин маънои «Барқосо»- ро дошта, тибқи ин амалиёт бояд артиши шӯравиҳо дар муддати кӯтоҳ торумор мегардид. Аммо тамоми 15 ҷамоҳири шӯравии собиқ ИҶШС баҳри дифоъ аз Ватан ва номуси ватандорӣ ҷони худро дар гарав монда, бар зидди фашизм хестанд ва истодагароёна тавонистанд ин балоро рафъ созанд.
Ниҳоят бо туфйли рӯҳи тавонои шикастнопазири худ мардуми шуравӣ 9-уми майи соли 1945 Ғалабаеро, ки давоми 5 сол умедвор буданд, ба даст дароварданд. Яъне Олмони фашистӣ 8-уми майи соли 1945 санади таслимшавиро имзо гузошт.
Ватан, то ман сазовори ту бошам,
Бароят то шавам арзанда фарзанд.
Равам бо роҳи мардони накӯят,
Бигирам аз хирадмандони ту панд.
Ватан то ки бимонад ҷовидона,
Дар оғӯши чу ҳар як қаҳрамонат.
Биомӯзам ҳамеша қаҳрамонӣ,
Зи ҳар як қаҳрамони ҷовидонат.
Аз Тоҷикистони азизи мо низ нафарони зиёд ба ҷабҳа ихтиёрӣ сафарбар гаштанд. Қариб 280 ҳазор нафар дар ин ҷанг ҳалок, беному нишон гаштанд, як қисми ин ҳалокгаштагон бо унвонҳои Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор гардонида шуданд, ки барои ояндагон мояи ифтихор гардид. Қисми дигар аз ҷанговарони тоҷик бо сари баланд ва саршор аз мамнуниятҳо аз музаффариятҳо ба назди ҳамдиёрон баргаштанд ва ҳамчун китоби хотироти он давраҳо ба мардум хизмат намуданд. Иродаи меҳандӯстӣ ва ҳисси пайравӣ бо гузаштагони худ тоҷикбачаҳо миёни дигарон Ватанро водор кард, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷони азизи худро низ дареғ надошта, дар Ғалаба дар ин ҳарб саҳми босазои худро нишон диҳанд.
Аз ноҳияи кӯчаки Мастчоҳи онвақта низ нафарони зиёде аз синну соли гуногун дар мисоли Муллораҷаб Зуҳуров, Ҳабиб Муминов, Абдукарим Неъматуллоев, Саидбек Улуғов, Азим Ҳомидов, Ҷумъабой Қурбонов, Ҷалил Олимов, Аваз Одинаев, Содиқ Холиков, Қурбон Саидов, Наҷмиддин Қурбонов, Қайюм Қодиров, Заҳруддин Аминов, Асад Арбобов, Маҳадмурод Шомуродов, Насим Салимов, Саидолим Раҷабзода, Наврӯз Раҷабов, Рӯзибек Аҳмедов, Айвазмаҳмад Бобоев, Юнус Абдуллоев, Мирзоюсуф Ибодуллоев, Абдураҳим Маликов, Шариф Саидов, Муллоасрор Ризоев, Маҳадсобир Шарифов, Абдуқаюм Аминов, Абдураҳмон Каримов, Муллоамин Иброҳимов, Холмаҳмад Холов, Ҳақназарбек Ҳусейнов, Домулло Ғафуров, Мирзо ва Ҳайдар Остонаевҳо, Азим Ниёзов, Холмаҳмад Валиев, Сангинмаҳмад Бойматов, Абдурауф Мирзоев, Холмаҳмад Нозиров, Ашӯрбоқӣ Ҳусейнов, Фатҳулло Холов, Ниёзхоҷа Мӯсоев, Холиқназар Мирзоев, Офтоб Қурбонова, Бадӣ Самиев, Ниёз Асадов, Одина Холов, Одина Шомирзоев, Бойтошмаҳмад Тошев, Маҳадалӣ Ҳошимов, Нозим Қурбонов, Боқӣ Кӯчаков, Зубайдулло Маъруфов, Мирзораҳим Раҳимов, Саидмирзо Раҳимов, Ҳомид Азимов, Усмоналӣ Усмонов, Саидолим Раҷабов, Муллосолеҳ Бобоев, Муллоимом Ёров, Бурҳон Икромов, Мирзоҳайдар Сафаров, Фозил Файзиев, Ёрмаҳмад Имомов, Одинабек Ниёзов, Ниёзмаҳмад Назаров, Маҳмадсаид Мирзоев, Мираҳмад Ҳалимов, Ҳабиб Мирзоев, Одина Шарифов, Муллоазим Ҳоҷиев, Бахтиёр Муминов, Муллонадир Надиров, Авазмаҳмад Тиллоев, Одинамаҳмад Ниёзов, Сафар Сафаров, Ноёб Ҳусейнов, Халифа Одинаев, Шаҳобуддин Аловаддинов, Саид Маҷидов, Маҳадбадӣ Вазиров, Азиз Шехов барои рафтан ба фронт, майдони мардонагиву қаҳрамонӣ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бо ариза барои сафарбаршавӣ ба фронт муроҷиат намуда, нангу номуси ватандӯстиро ба ҳаммеҳанони худ ва оламиён нишон доданд. Қисми калонсоли мастчоҳиён низ ташаббусу матонати бузург нишон дода, дар ин мавридҳо бетараф истоданро ба худ ор дониста, ба баталионҳои коргарӣ ихтиёрӣ номнавис гардида, дар барқарорнамоӣ ва омодасозии шароитҳои муносиб барои аскарон-ҷанговарон саҳми арзанда мегузоштанд.
Дигар табақаи аҳолӣ низ саҳми худро дар ғамхорӣ ба аскарон дида, мувофиқи шароит ва имконоти худ ба фронт сарулибоси гарм ва хӯрок мефиристоданд, то мушкилоти майдони ҷанг аскаронро хаста накунад. Умуман, тамоми халқи шӯравӣ барои мубориза бар зидди ин ҳодисаи манҳус ба по хест, яке бо қувва, дигаре бо қалам, то насли оянда минбаъд осудаҳолона тавонад зиндагӣ намояд.
Хушбахтона, ин орзуи онҳо ҷомаи амал пӯшид. Ба ҳар ҳол, паёмадҳои ногуворе барои аксарият ин ҷанг аз худ боқӣ гузошт. Модарону падароне буданд, ки то охири умр ҷигарбандҳои худро интизор шуданд, фарзандоне ҳам кам набуданд, ки роҳи падарро интизор шуданд ва таъми ятимиро чашиданд. Ғолибони ин рӯзҳо, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС он даврҳо адои хизмати ҳарбӣ намудаву ба Ватан бо сари баланд баргаштанд, то охири умр дар вохӯриҳо ширкат намуда, нақлҳо аз ҳаёти ибратбахши сарбозии худ менамуданд.
Абдурауф Домуллоев,
омӯзгори МТМУ №1-и
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

