Вохурӣ бо варзишгарон
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи умумиҷаҳонии футбол, санаи 18 уми майи соли 2025 дар Маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчох вохӯрии Муовини якуми раиси ноҳия Бурхонзода Иноятулло бо як гурӯҳ варзишгарони фаъоли ноҳия баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳим ба монанди ҷалби ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва нақши варзиш дар таҳкими дустиву ҳамбастагии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз масъулин оиди фаъолият дар самти пешрафти варзиш дар ноҳия, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва дигар масъалаҳо пурсида шуд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар соли ҷорӣ дар ҳар як деҳаи ноҳия рушди футбол вусъат дода шуда мусобиқаҳои варзишӣ мунтазам ба роҳ монда шаванд, зеро ҷавонон ояндасозони миллатанд ва дастгирии онҳо дар самти варзиш яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар мебошад.Ҳамчунин дар вохури оиди дар оянда таъсиси майдончаҳои варзишӣ дар маҳал омода намудани ҷавонону наврасон ба мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Паёми Кӯҳистон


