ОЛИҲАИ МЕҲРУ САДОҚАТ
НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР
Ҳамдиёрони азиз!
Модарон ва хоҳарони гиромӣ!
Ҳамаи шумо, модарон ва дар симои шумо кулли занону хоҳарони ноҳияро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, пеш аз ҳама саломативу хотирҷамъӣ, хушбахтиву рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ниҳоди модарон мисоли насими рӯҳбахши баҳорон асту онҳоро азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарват донистаанд, зеро бахшандаи ҳаёт ҳастанду офарандаи инсоният. Яъне модарон мисоли муждаи баҳоранд, ки ҳамеша меофаранд ва эъҷозгару зебоиофаранд, бинобар ин бузургони каломи бадеъ ҳастии модаронро ба баҳор, ба хуршед шабеҳ додаанд.
Аз ҳастии пайкари бузурги модар қалби инсоният қуввату мадор мегираду меҳру муҳаббати беканораш гармӣ мебахшад. Модарон пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт ва равшанидиҳандаи ҳар як хонадонанд. Модарон қуввати диланд, ҳар як тапиши қалби эшон барои мо рӯҳу равон, ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд.
Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ, бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу Ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ин рисолат раҳнамои рӯзгори бонувони мост. Ба шарофати модарон зиндагӣ дар ҷаҳон пойдор аст.
Модар натанҳо азизтарин шахс, балки ҳастии ӯ ба ҳар яке аз мо нерӯву қуввати тоза мебахшад. Ҳамин нуктаро дар бораи мақому манзалати Зан-Модар Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон низ таъкид доштаанд. Аз ин рӯ, занон дар пешрафти ҷомеа, рушду нӯмуи миллат дар баробари мардон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад. Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёту зиндагӣ ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд.
Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонадорӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони меҳрубон барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд. Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва оинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми занону бонувони мо барои эҳё намудан ва тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва ба ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад.
Бо амалӣ гардидани чунин иқдом Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.
Иқдомҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими нақши занон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо ҷиҳати иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатдорӣ натиҷаҳои самарабахш ба бор меоваранд ва бонувони соҳибмаърифати мо дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муассири хешро гузошта истодаанд.
Модари тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр мебошад. Ин рисолат раҳнамои рӯзгори бонувони мост, мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занону модарон худогоҳу бомаърифат бошанд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки дар ҷомеаи имрўза, ки асри технологияи муосир ном бурда мешавад, ҷаҳон ҳар лаҳза бо тағйироти бузург рў ба рў гардида истодааст. Аз ин рў фарзандону наврасонро мебояд дар ин раванди пуртазод ва авҷ гирифтани манфиатҳои абарқудратҳо зиракии сиёсии худро аз даст надода, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд ва дар пайи донишу ахлоқи ҳамида инчунин корҳои созандагиву бунёдкорӣ қарор гиранд.
Бахусус, модарони азиз метавонанд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурўҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзанди ба ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шавад.
Ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ диҳанд, онҳоро дуруст ба воя расонанд, ба онҳо маданияту одоб омўзонанд, то онҳо беҳтарин ворисони мову шумо гарданд ва кишварамонро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд.
Дар охир бори дигар ҳамаи шумо модарону хоҳарони азизро бахшида ба Рўзи модар самимона шодбош гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рўзгор, осмони софу беғубор ва дар таълиму тарбияи фарзандон барори кор орзу менамоям.
Ҷашни Рӯзи модар муборак, ҳамдиёрони азиз!

