ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Санаи  7- марти соли 2025 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ифтихори Рӯзи Модар чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд -Директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар вилояти Суғд Мақсудзода Фирдавс,  модарон ва бонувони фаъоли ноҳия гирди ҳам омада буданд. Дар оғоз Раиси ноҳия ба сухан баромада табрикоти хешро ба ифтихори Иди Модарон ироа кард. Зимни паёми табрикотии хеш Бобозода Хайрулло аз Модар- ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, олиҳаи меҳру садоқат ва офарандаи ҳаёт ёдовар шуда аз ҷумла чунин гуфт- Модарон пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт ва равшанидиҳандаи ҳар як хонадонанд. Модарон қуввати диланд, ҳар як тапиши қалби эшон барои мо рӯҳу равон, ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва  ҳикмату хираду сарват мебахшанд. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу Ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ин рисолат раҳнамои рӯзгори бонувони мост. Ба шарофати модарон зиндагӣ дар ҷаҳон пойдор аст. Модар натанҳо азизтарин шахс, балки ҳастии ӯ ба ҳар яке аз мо нерӯву қуввати тоза мебахшад. Ҳамин нуқтаро дар бораи мақому манзалати Зан-Модар Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон низ таъкид доштаанд. Аз ин рӯ, занон дар пешрафти ҷомеа, рушду нумӯъи миллат дар баробари мардон саҳми арзандаи хешро мегузоранд, таъкид дошт номбурда. Сипас Директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар  вилояти Суғд  номаи табрикотии Раисии вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди -Модарон ба самъи ҳозирин расонид.

Пас  аз сухани табрикоти ба хотири арҷгузорӣ ба Зан- Модар ва ба ифтихори Иди Модарон Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло модарон ва бонувони фаъоли ноҳияро бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои идона қадрдонӣ намуд.

Ҳамчунин дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо иҷрои суруду таронаҳои ҷолиб дар васфи Модар -Ватан хотири иштирокчиёнро шод намуданд.

САИДВОҲИДИ ҚОСИМ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *