МОДАРОН ҲАМЕША ПУШТИБОНУ ҒАМХОРӢ МИЛЛАТ
Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ бо ташаббусҳои инсонпарварона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони ниёзманд, собиқадорони меҳнат, нафарони бознишаста ба кӯмаку дастгирӣ фаро гирифта мешаванд. Бо ин мақсад дар арафаи ҷашни «Рӯзи Модар» Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба дидорбинии чанде аз бонувони куҳансолу барҷомонда ва собиқадорон ба деҳаҳои ноҳия рафта онҳоро аёдат намуда ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Зимни дидор ва вохӯри раиси ноҳия нахуст бонувонро ба ҷашни «Рӯзи Модар» табрик намуда иброз дошт, ки заҳмату меҳнати занону бонувони ноҳия баҳри ободиву пешрафти ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамеша дар мадди аввал қарор дорад, зеро модарону бонувон дар баробари он, ки ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидаанд инчунин дар паҳлӯи мардон истода саҳми арзишманди хешро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт гузоштаанд. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани мақоми занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳим меандешад. Ва дар оянда низ ин иқдом ба роҳ монда мешавад.
Бонувони солхурда ва занони собиқадор аз ин иқдом хело хушҳолу болидаруҳ гашта барои шукуфоии ояндаи Тоҷикистон дуъои нек намуданд.
ПАЁМИ КӮҲИСТОН


