ҚАЛАМИ СОЗГОРУ СОЗАНДА САБЗ БОД!
НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Муҳтарам собиқадорону рӯзноманигорони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамасола санаи 11-уми март дар саросари кишвари азизамон Рӯзи матбуоти тоҷик дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Ҳамаи шуморо табрику таҳният гуфта, пеш аз ҳама саломатию сарбаландӣ, бурдборӣ, комёбиҳои навини эҷодиро таманно дорам.
Таърихи матбуоти тоҷик аз нахустшумораи «Бухорои шариф», ки 11-уми марти соли 1912 сарчашма мегирад, оғоз гардидааст. Боиси қайд аст, ки дар ҳамон замон «Бухорои шариф» хонандагони худро бо забони шевои оммафаҳм аз воқеаҳои олам, масъалаҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт огоҳ месохт ва мардумро ба маърифату худшиносӣ даъват менамуд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, қабули якчанд қонунҳои марбут ба соҳа ба рушди воситаҳои ахбори омма хеле мусоидат намуданд. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори озодии баён буда, фаъолияти озоди рӯзноманигоронро пуштибонӣ мекунад.
Афзоиши шумораи нашрияҳо, радиову телевизион, сомонаҳои интернетӣ ва фаъолияти мунтазами шабакаҳои иҷтимоӣ баёнгари ин воқеият аст, ки дар кишварамон ба арзишҳои демократӣ эҳтиром гузошта мешавад.
Воқеан ҳам нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа хеле назаррас буда, фаъолияти пурсамари онҳо ба ташаккули афкори ҷомеа ва бозтобу ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат менамояд.
Боиси таъкид аст, ки дар замони муосир ниёзи ҷомеа ба ахбор беш аз пеш афзудааст, кормандони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси воқеаву рӯйдодҳо ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа заҳмат кашида, тавассути нерӯи қалам саҳми хешро дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мегузоранд.
Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, ба шаҳрвандон ба интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам месозад».
Мову шумо дар арафаи ҷашни бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Айни замон дар ноҳия ба ифтихори ин ҷашни бузург нақша чорабиниҳо таҳия шуда, корҳои ободонӣ босуръат ҷараён доранд. Итминони комил дорам, ки бахшида ба ин ҷашни муқаддас ва умумимиллиамон дар тамоми маҳалҳои аҳолинишин корҳои азими бунёдкорӣ густариш ёфта, иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Инъикоси воқеии корҳои ободонию созандагӣ ва меҳнату фидокориҳои аҳолии ноҳия аз шумо низ алоқамандии калон дорад.
Бо ҳамаи ин нияту орзуҳои нек бори дигар шуморо ба Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфта, бароятон сарбаландию саодатмандӣ, комёбӣ ва муваффақиятҳои беҳамтои эҷодиро орзу менамоям.
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак, ҳамдиёрони азиз!

