БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ЯКУМ (ДАЪВАТИ ҲАФТУМ)-И МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Санаи  12- уми марти соли 2025 дар шаҳраки Меҳрон марказии маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Иҷлосияи якум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ доир гардид.

Иҷлосия дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифта, дар он Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, сардори Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Толибзода Тоҳир ва вакилону фаъолон ширкат доштанд.

Рӯзномаи Иҷлосия аз якчанд масъала аз ҷумла: тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, тасдиқи дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дар бораи таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва интихобӣ ҳайати онҳо, тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия ва пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд рақами 2 иборат буданд.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Тибқи рӯзномаи Иҷлосия кори он идома кард. Ибтидо ҳайати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия савганд ёд карданд. Сипас дигар масъалаҳо тибқи рӯзномаи Иҷлосия баррасӣ карда шуданд. Пас аз баррасӣ ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосия якум (даъвати ҳафтум) , намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Толибзода Тоҳир ба сухан баромада вакилонро ҷиҳати интихоб шуданашон ба ин вазифаи пурмасъулият табрик кард. У гуфт овоз гирифтани шумо вакилон аз ҷониби оводизандагон ин пеш аз ҳама бовари ва эътимоди мардум ба ҳар яки шумо мебошад.

Ҳамчунин Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло аснои суханронӣ ҳайати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро ҷиҳати интихоб шуданашон самимона табрик намуда, иброз дошт,ки мардум ба Шумо бовар карда ҳамчун намояндаи халқ овози худро додаанд. Пас бояд аз рӯи ваколатҳои вакилии хеш бо масъулияти баланд, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои созандаи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбари намоед. Бо ҳамин кори Иҷлосия якум (даъвати ҳафтум)- и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хотима ёфт.

Саидвоҳиди Қосим

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *