АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ХУДДОРӢ БОЯД КАРД
Санаи 12- марти соли 2025 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо масъулону фаъолони ноҳия оид ба Стратегияи муқовимат бо ту коррупсия доир гардид.
Дар ин вохури Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло, Назарзода Давлатхуҷа нозири калон оиди муқовимат ба коррупсия дар шӯъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон ширкат доштанд.
Дар ин вохури нахуст Назарзода Давлатхуҷа ба сухан баромада оиди Стратегияи давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳарф зад. Аснои суханронӣ номбурда таъкид кард, ки коррупсия як амали номатлуб ва доғе мебошад, ки мо бояд дастаҷамъӣ барои аз байн бурдани он чораандеши намоем. Пас аз ин Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло низ суханрони намуда, аз масъулин ва фаъолони ноҳия даъват ба амал овард, ки дар рафти кору фаъолият аз ҳамагуна амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, худдорӣ варзида, ҷиҳати решакан кардани ин амали номатлуб дар ҷомеа пайваста корбари намоянд.
ПАЁМИ КӮҲИСТОН


