ТОҶИКИСТОН ЧУН ҲАМЕША ДАР МАСИРИ СУЛҲ БУД
( Ба ифтихори боз шудани марзи ду кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон)
Тоҷикистон, Қирғизистон дӯстӣ поянда бод!
Ин масири ваҳдатофар доимо поянда бод!
Дар баҳори сабзу хуррам мо ҳама шодем дигар
Шодмонии ҳарду миллат доимо поянда бод!
Расми дӯстӣ дар баҳорон боз аз нав зинда шуд,
Хоре аз пайроҳаи дӯстӣ дигар барканда шуд.
Фитнаҳои душманон, ки дар миён буд доимо ҷангу ҷидол,
Ин ҳама радду бадалҳо дар миён барканда шуд.
Тоҷикистон чун ҳамеша дар масири сулҳ буд,
Дар талоши ваҳдату он ҳамдилӣ моил буд.
Қирғизистон мисли мо бингар масири роҳ кард,
Дар масири сулҳу дӯстӣ роҳи нав бунёд кард,
Соли нав бо дӯстӣ нав аз роҳ меояд дигар,
Пиллаҳои душмани барчидаву шодон меояд дигар,
Мо ба ойини кӯҳан побанди дӯсти гаштаем,
Иди Наврӯз дар баҳори дӯстӣ меояд дигар.
Роҳбари мо роҳи худ,бо сулҳ барпо карда буд,
Ҳар куҷое зад қадам аз сулҳу дӯстӣ гуфта буд.
У дигар бо расми дерин дар пайи сулҳу сафост,
Расми дӯсти дар ниҳоди тоҷикон хеле баҷост .
САИДВОҲИДИ ҚОСИМ
(13.03.2025)

