ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам собиқадорон ва кормандони мақомоти прокуратураи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ!
Боиси хушнудӣ ва фараҳу шодист, ки таҷлили иди касбӣ — Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура ҳамасола дар оғози баҳору фасли зебоии табиат яъне санаи 14 март таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шумо собиқадорон ва кормандони мақомоти прокуратураро ба иди кабиатон табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатию саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд, беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно намуда дар иҷрои рисолати пуршараф барору комёбиҳо таманно менамоям.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст”.
Мақомоти прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбӣ вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро намуда, барои беҳтар ва хубтар ба роҳ мондани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ то ба имрӯз корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст.
Ин ниҳод аз оғози Истиқлоли давлатӣ чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдеро паси сар карда ҳамеша баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва оромиву суботи ҷомеа кор бурда дар ин муддат тавонистанд ба бовариву эътимоди сокинони кишвар сазовор гарданд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи кормандони прокуратура илҳоми тоза мебахшад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ мақомоти прокуратура чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронида, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Дар ин давра барои фаъолияти самараноки ниҳоди мазкур заминаҳои устувори ҳуқуқиву конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқан муайян шуд.
Итминони комил дорам, ки кормандони прокуратураи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ имрӯзҳо баҳри таъмини риояи дақиқи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва роҳандозӣ намудани тартибу низоми ҳуқуқӣ чораву тадбирҳои ногузир андешида, фаъолияти хешро боз ҳам тақвият бахшида, минбаъд низ баҳри таҳкими пояҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва таъмини ҳаёти осудаву осоиштаи шаҳрвандон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳед. Ва дар таъмини волоияти қонун саҳми босазо гузошта минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба Ватан дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми арзандаи худро мегузоред.
Бо ибрози чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти прокуратура ва собиқадорони соҳаро бо Рӯзи Иди касбиашон самимона табрик намуда, бароятон саодату сарфарозӣ орзу намуда дар амалисозии пайкори созандаи Сарвари давлат барору комёбиҳо таманно менамоям.

Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборак!

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *