СММ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон барои созишномаи таърихии марзӣ табрик гуфт

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ба даст овардани пешрафти таърихӣ дар созишномаи марзӣ табрик гуфт. Вай роҳбарияти ҳар ду кишварро барои азми қавӣ ва иродаи сиёсӣ дар ба анҷом расонидани музокироти чандинсола ситоиш кард.

«Дабири кулл умедвор аст, ки муколамаи созандаи байни ин ду кишвар идома ёфта, ба таҳкими эътимоди мутақобила, муносибатҳои некҳамсоягӣ ва ояндаи осоишта барои мардуми минтақа мусоидат хоҳад кард», — омадааст дар изҳороти сухангӯи ӯ Стефан Дюжаррик.

Ёдовар мешавем, ки созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дирӯз, 13 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек зимни сафари давлатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон имзо шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *