ШАНБЕГӢ БА ИСТИҚБОЛИ ИДИ НАВРӮЗ
Субҳи имрӯз (15.03. 2025) дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон ба истиқболи Иди байналмиллалӣ Наврӯз бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ шанбегӣ доир карда шуд.
Бо мақсади тозаву озода намудани муҳити атроф имрӯз масъулон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ба ҳашар баромада, дар шаҳраки Меҳрон, ибтидо шафати роҳҳои марказӣ, боғи Парчам ва Нишони давлатии назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳраву кӯчаҳои шаҳрак, назди биноҳои маъмуриро аз партовҳо тоза намуда, инчунин бехи дарахтони ороишию сояафкан ва гулҳоро суст карда ҷӯйборҳо ва роҳравҳои асосии марказро тозаву озода намуданд.
Тибки иттилоъи масъулин бад-ин минвол корҳои тозаву озода намудани муҳити атроф ба истиқболи Иди байналмиллалӣ Наврӯз-2025 дар тамоми ҷамоату деҳоти ноҳия назди биноҳои маъмурӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия то арафаи таҷлили Иди Наврӯз мунтазам гузаронида мешаванд.
ПАЁМИ КӮҲИСТОН


