БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Имрӯз санаи 2- марти соли 2025 соати 6:00 дар 35 участкаҳои интихоботии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ интихоби вакилон халқ бо як рӯҳияи идона оғоз гардид. Маъракаи муҳими сиёсӣ овоздиҳӣ бо садо додани Суруди миллӣ расман оғоз ёфта, дар фазои орому осуда идома дорад.
Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло дар участкаи интихоботии 1 иштирок карда бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш чун дигар шаҳрвандони ноҳия ба номзади арзандаи хеш овоз дод. Номбурда таъкид кард, ки аз интихобот як маъракаи муҳими сиёсӣ ва рукни асосии демократия буда, барои рушди ҳар як мамлакат ва ҷомеаи шаҳрвандии он нақши боризе дорад.
Ҷараён Интихобот иштироки шаҳрвандон дар раванди овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ , пуршукӯҳ ва фаъолона ба назар мерасад.


