ИДИ АРТИШИ МИЛЛӢ БО ШУКӮҲИ ХОСА ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Санаи 21-уми феврали соли равон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.
Чорабинӣ дар комендатураи ҳарбӣ, воқеъ дар ноҳия доир гардид, ки дар он Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо, афсарону сарбозон ва сокинону ҷавонони фаъоли ноҳия ширкат доштанд. Дар ин рӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо сокинон ва муассисаҳои таълимӣ барои афсарону сарбозон маводҳои гуногуни озуқаворӣ дастрас карда шуд. Ҳамон рӯз фазои қисми низомӣ идона ба назар мерасид.
Ибтидо Раиси ноҳия ва ҳамроҳонаш аз шароити будубоши сарбозон, ошхона, хобгоҳ ва анбори захираи маводи озуқаворӣ дидан намуданд.
Ҷашнвора бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардид. Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ба сухан баромада, афсарону сарбозонро ба муносибати Иди Артиши миллӣ табрик намуд.
Дар рафти суханронӣ доир ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Артиши миллӣ ва корнамоиҳо, ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳифзи марзу буми кишвар ҳарф зада, чунин гуфт: -Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди кишвар аст. Дар тӯли 32 соли бунёдаш озмоишҳои сангинеро паси сар намуда, дар роҳи баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар ва ҳифзи ҳамаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор гузоштааст. Дар зарфи 32 сол Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.
Сипас намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷиддин Наруддинов ба сухан баромада, Паёми табрикии Раисии вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат кард.
Пас аз ироаи табрикот Раиси ноҳия ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде аз хизматчиёни ҳарбӣ, афсарону сарбозон, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнатро бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои идона қадрдонӣ намуд.
Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ, ки фарогири шеъру таронаҳои ватандӯстӣ буданд, хотири иштирокчиёнро шод намуданд.
Саидвоҳиди Қосим


