ПАЁМИ ПЕШВО — РОҲНАМОИ МО БА СӮИ ФАРДОИ НЕК!

Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 уми декабр соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, санаи 17 -уми феврали соли ҷорӣ  дар деҳаи Виткон, Ҷамоати деҳоти «Иван-тоҷик»- и ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ва сокинони деҳаи мазкур вохӯрии судманд баргузор гардид. Раиси ноҳия дар баромади худ иброз дошт, ки ҳар Паёми Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар оғози сол ироа мегардад барои мардуми тоҷик саҳифаи наверо вобаста ба рушди тамоми самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат боз намуда сокинони кишвар барои расидан ба ҳадафҳои некӯ созанда бояд ҳамеша талош варзанд. Ва баҳри ободиву пешрафти ватани маҳбубамон Тоҷикистон софдилона хизмат намоянд. Ҳамчунин дар идомаи суҳбат раиси ноҳия иброз дошт, ки  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки ба рушди ҳамаҷонибаи  Тоҷикистон равона шудааст, аз як тараф мужда ва уҳдадориҳои нав дар раванди сиёсати давлат ва аз тарафи дигар ба масъалаҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо диққати махсус дода шуданро арзёбӣ менамояд.

Ин дар мисоли рушди соҳаи варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, масъалаҳои экология, бунёди неругоҳҳои барқии обӣ ва иҷрои стратегияи «иқтисоди сабз» дар солҳои оянда, бо технологиҳои рақамӣ ва инноватсия, Тоҷикистон ба самти рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи потенсиалии он равона шудааст.

Бо эълон гардидани Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» барои таъмин кардани инфрасохтори рақамӣ, таҳкими қонуни танзимкунандаи соҳа ва дастгирии инноватсияҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар анҷоми вохӯрӣ , Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло бори дигар таъкид намуд, ки ҳар як дастуру пешниҳоде, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, барои рушду нумӯъ ва ояндаи дурахшони кишвари азизамон – Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳи некуаҳволии мардум  ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар нақши роҳнаморо мебозанд.  Аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки нуктаҳои дар Паём дарҷгардидаро сармашқи кори худ қарор дода, содиқонаву софдилона дар роҳи ободии Ватан саҳмгузор бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *