СИЛСИЛА ВОХӮРИҲО ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ ДАР КӮҲИСТОН

Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, имрӯз санаи 18- феврали соли 2025 дар деҳаи Худгифи соя вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохурии мазкур муовини Раиси ноҳия Наврӯззода Абдуллоҷон, Комиссари ҳарбии ноҳия Ниёзмаликов Далер, муовини шӯъбаи Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Қаҳҳорзода Ҳокимбек , мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия Шомуродзода Шамсиддин ва сокинону бошандагони деҳаҳои  Худгифи офтоб ва Худгифи сояи ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳия иштирок намуданд. Дар вохурӣ баромадкунандагон вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири тамоми самтҳо баҳри фароҳам сохтани сатҳи некӯаҳволии мардуми тоҷик равона гардидааст, сухан ронда таъкид намуданд,ки бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ онро сармашқи кори худ қарор дода барои ободии ватанамон саҳигузор бошад. Ҳамчунин дар ин ҷамъомад масъалаҳои терроризм ва   экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон  ба ҳар гуна  ҳизбу ҳаракатҳои бегона, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил,  тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ додани волидайн, вусъат додани корҳои ободонӣ,  омодагӣ ба мавсими баҳор ва самаранок истифодабарии ҳар порча замин, ва дигар масъалаҳои муҳим  баррасӣ карда шуданд. Дар охир миёни сокинон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сӯҳбат ва саволу ҷавоби озод сурат гирифта, сокинон бо саволҳои матраҳ кардаи хеш аз масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд. Тибқи нақша чунин вохӯриҳо дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия идома дорад.

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»

   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *