ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ КАРД
-Мо ба хизмат баҳри миллат меравем.
Ба ҳамагон маълумаст, ки ҳамасола дар кишвари азизамон Тоҷикистон санаи 23- феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар давоми 32-соли таъсисёбии Артиши миллӣ зери роҳбарии Пешвои миллат Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ниҳоди қудрати аз сифр то ба як артиши тавоною қудратманду муосир омада расид. Пушида нест, ки замоне Артиши Тоҷикистон таъсис дода шуд кишвар дар оташи ҷанги дохилӣ қарор дошту таъсиси чунин ниҳоде, кори осон набуд. Хизматчиёни ҳарбӣ нахуст аз зери хаймаҳо ва иншоотҳои вайронаву ноободе ба сар бурдаву барои миллату давлат адои хидмат мекарданд. Бо гузашти замон ва бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохторҳои зарури барои хизматчиёни ҳарби сохта шуда, инак бо гузашти се даҳа аз таъсиси ин ниҳод, Артиши Тоҷикистон ба як артиши муосиру неруманд табдил дода шуд. Артиши ҷавону тавонои тоҷик то имрӯз чӣ корнамоиҳо кард, чӣ ҷоннисориҳо кард ва шарту шароити он алъон чигунааст, ҳамагон огаҳи дорем ва ҳамаруза тариқи теливизион ё дигар намуди расонаҳо огаҳи пайдо карда истодаем, ки ҳоҷат ба тавзеҳ нест. Аммо як омил ҳамеша пурбаҳсу ҳиҷо ҳаст, ин ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ. Ҳамасола дар кишвар ду маротиба дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар саросари кишвар доир карда мешавад.
Аз ҷумла дар яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвар Кӯҳистони Мастчоҳ низ ин маърака тибқи муқаррарот гузаронида мешавад. Дар гузашта ба хусус дар солҳои 2017 то 2020 ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда нақшаи даъватро иҷро мекард ва ба қавле забонзади хосу ом гардида буд. Аммо аз чӣ бошад, солҳои охир ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ як андоза ба таъхир иҷро мешавад. Ин раванд метавонад омилҳо зиёде дошта бошад. Ҳамаи “омил”-ҳо яксу инҷо як омили асосии ҳаст, ки он ба тақвияти ҷидди ниёз дорад, ин ҳам бошад тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон. Ҷавонони Кӯҳистони Мастчоҳ далеру шуҷоъ ва тавоно ҳастанд, аммо ба тарбияи ҳарбию ватандӯсти ниёз доранд. Ҷавонони мо ниёз ба тарбия ниёз ба иттилоотони ниёз ба ҷалби бештар дар ин раванд доранд. Ҳамин ногоҳи боиси ҳароси онҳо аз рафтан ба хизмати ҳарбӣ шудааст. Имрӯз аз дилхоҳ ҷавоне пурси (манзур касоне ҳануз ба хизмат нарафтаанд) ё дар пешашон номи хизматро гири пеш назари ҷанг- хушунат ё маҷбурсози намудор мешавад, ки дар асл гирем дар хизмати ҳарбӣ чунин омилҳо раво нестанд. Вазифаи масъулин ва фаъолон дар ин раванд миёни ҷавонон бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад то,ки чунин шубҳа ва гумонҳо аз сари ҷавонон дур шавад. Раванди дигаре метавонад муҳим ва таъсирбахш бошад, ин ҳам бошад тарбия ҳарбию ватандӯстӣ дар мактабҳо. Дар муассисаҳо дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ роҳандозӣ гардидааст, аммо ин фан дар баробари дигар фанҳои омӯзиши чигуна бароҳ монда шудааст суолест бисёр муҳим ва посухталаб. Пушида нест дар қисми зиёди муассисаҳои таълимии ноҳия барои гузаронидани дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ шароит муҳайё нест. Кадом муассиса майдони сафороӣ дорад, кадом муассиса яроқҳои таълими дорад, ки хонадагон қабл аз рафтанд ба хизмати ҳарби шинос шаванд. Дар ҷараёни сол гоҳ-гоҳе ангуштшумор чорабиниҳои ҳарбӣ доир мегардад, ки ин раванд барои тарбия ҳарбию ватандӯстии ҷавонон кофи буда наметавонад. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҷавононро руҳану ҷисмат обу тоб ва тарбия намоем. Шароити қисмҳои низомӣ дар саросари мамлакат ба талаботи замони муосир ҷавобгу буда, ба ҳамаи ҷиҳозу лавозимоте ,ки барои хизматчиёни ҳарбӣ зарураст муҳайё карда шудааст. Дар ин росто мехоҳам як нуқтаро намудани ибрат ёдовар шавам. Банда соли 2014 дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе хизмат мекардам. Як ҳамхизмати ман васф кард, ки ман аз рӯи ҳавас ба хизмати ҳарбӣ омадам. Дар мактаби миёна мо яроқҳои таълими доштем, мусобиқаҳои зиёди ҳарбӣ доир мешуд ва ман пайваста дар мусобиқаи васлу насби яроқ ҷойи аввалро мегирифтам ва ҳамеша орзу мекардам, ки пас аз хатми мактаб ҳатман ба хизмати ҳарбӣ меравам. Дар ҷараёни хизмат ӯ хеле фаъол буд хусусан дар нигоҳубин ва истифодаи яроқ касе мисли ӯ чобуку фаъол набуд. Ин албатта як намуна аст, ки медонад, ки миёни ҷавонони ғаюри Кӯҳистони ингуна ҳавасмандон, ватандӯст шуҷоъ набошад бешаку шубҳа ҳаст, фақат масъулинро зарур аст дар ин росто корро ҷоннок намуда, ҷавонони ғаюр ва бо малакаро ба ҷомеа роҳнамои намоянд.
Умедаст ҷавонони ғаюри Кӯҳистони Мастчоҳ дар канори дигар ҷавонони мамлакат, ҳамчун ватандӯсту ватанпарвар устуворона қадам монда, дар роҳи ҳимояи ин сарзамин ҷоннисорона хизмат хоҳанд кард.
Инак то шуруъи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ беш аз як моҳи дигар боқи мондааст. Умедворем, ки маъракаи даъвати баҳории имсол дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо як ҳиссӣ баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ҷараён гирифта, чун пештара ноҳияи мо аз аввалинҳо шуда нақшаро ба иҷро мерасонад .
САИДВОҲИДИ ҚОСИМ


