НАХУСТИН САРВАРИ МАКТАБИ ОЛИИ ВКДҶТ

ҶУМЪАЕВ УСМОН САЛОМОВИЧ муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, аввалин сардори Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар   солҳои 1991-1993 

Ҷумъаев Усмон  Саломович ҳамагӣ 74,4 сол умр дидааст. Агар имрӯз дар қайди ҳаёт мебуд 89-мин солгарди зодрӯзашонро таҷлил мекарданд. Ин марди накӯном ва инсони нексиришт 14-уми феврали соли 1936 дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони  Мастчоҳ, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Тарбия ва таълими хубе, ки дар зодгоҳаш гирифта буд, таҳдоби фаъолиятҳои босамари ӯро барои оянда гузоштааст.                           Баъди хатми мактаби деҳааш соли 1955 барои хизмати аскарӣ даъват карда мешавад. Хизмат солҳои 1955-1958 дар қисмҳои ҳарбии шаҳри Читаи кишвари Улан-Уде сипарӣ шудааст ва дар тақвияти рӯҳию ҷисмониаш осори хуб гузоштааст. Баъди адои хизмат ба зодгоҳаш баргашта, муддате ба сифати колхозчӣ дар колхози ба номи Ленини н. Мастчоҳ фаъолият менамояд ва ҳамзамон, барои идома додани таҳсилаш дар оянда омодагӣ мебинад.

ОҒОЗИ ТАҲСИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ. Мақсади наҷибона ва тайёрии пухта ӯро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оварда, дар солҳои 1959-1964 донишҷӯйи он буд. Баъди хатми бомуваффақияти Донишгоҳ, солҳои 1964-1980 дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ва ҳизбӣ фаъолият карда, зина ба зина рушту такомул ёфтааст. Чунончи,  аз парвандаи шахсии ӯ, ки таҳти №2605 дар бойгонии ВКД маҳфуз аст, тамоми лаҳзаҳои фаъолиятҳои пурсамараш хеле хубу возеҳ инъикос гардидааст.

ХИЗМАТ ДАР ДАСТГОҲҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИЗБӢ.Тӯли солҳои 1964-1971 ба сифати референти мақомоти шуравӣ, машваратчии Шубаи ҳуқуқӣ-маъмурии Раёсати корҳои Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон фаъолият карда, донишу малака ва таҷоруби бойе бардоштааст. Сифатҳои хуби кории ӯро чун ҷавонмарди қавиирода ба назар гирифта, дар солҳои 1971-1974 ба вазифаи нозири Шуъбаи органҳои маъмурии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Дар ин вазифаҳо тамоми нерӯ ва дониши худро мавриди истифода қарор дода, мавқеъ ва мақомашро мустаҳкам кардааст. Хислатҳои хосашро ба инобат гирифта, солҳои 1974-1976 Усмон Саломовичро барои такмил ва такомули тахассусаш ба шаҳри Москва фиристониданд. Муддати ду сол шунавандаи Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ буд. Донишу таҷоруби ғанӣ аз он ҷо бардошт ва хеле тақвият ёфт.  Муддати беш аз як соли баъди баргаштанаш (солҳои 1976-1977) дар вазифаи нозири Шуъбаи кори ташкилӣ-ҳизбии КМ ҲКТ буд.  Сипас, солҳои 1977-1979 барои кору фаъолияташ ба шаҳри Қӯрғонтеппа фиристода машавад. Дар он ҷо вазифаи мудири Шуъбаи органҳои маъмурӣ, молия ва савдои Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Усмон Саломович мунтазам ва  зина ба зина ба ивази заҳмат, машаққатҳои шабонарӯзӣ тақвият ёфта, аз як вазифа ба вазифаи боз ҳам масъулиятноктар ҳидоят карда мешуд.       Ин буд, ки аз моҳи июни соли 1979 то апрели соли 1980 дар вазифаи муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард. Дар ин вазифаи масъул низ тамоми таҷриба ва дониши бардоштаашро баҳри пиёда намудани дастуру  супоришҳо, таьмини қонуният ва тартибот дар ҷумҳурӣ дареғ надоштааст.  Бо ибтикорӣ ва ташаббуси шахсиаш дар арсаи муносибат бо зердастон, интихоб, хоста гирифтан, ҷобаҷокунӣ ва тарбияи кадрҳо саҳми арзанда гузошта, дар ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ фаьолона иштирок кардааст.

ХИЗМАТ ДАР МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН    Ин хислатҳои хосашро ба инобат гирифта,  моҳи майи соли 1980 ӯро ба ҳайси муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон тайъин намуданд ва то соли 1993 ҳаёти минбаъдаи ӯ бо ин мақомот алоқамандии зич ва ногусастанӣ дорад. Солҳои 1980-1987  муовини Вазири корҳои дохилӣ оид ба кадрҳо ва ҳамзамон, сардори Шуъбаи кадрҳои ВКД Тоҷикистон буд. Дар тамоми давраи фаъолияташ хешро ҳамчун роҳбари поквиҷдон, ташаббускор, ғамхору сахтгир нишон дода, фаъолияти оперативию хизматии мақомоти корҳои дохилиро хеле хуб омӯхта, дар интихоби босифат, ҷобаҷогузорӣ, таълиму тарбияи кадрҳо, таҳкими қонуният ва интизом дар мақомот ва ҷузьу томҳои мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ саҳми арзанда ва хоксорона гузоштааст.   Полковники хизмати дохилӣ Усмон Саломович баҳри татбиқи қонуну фармонҳо ва дастурҳои Ҳукуматҳои Шуравию Тоҷикистон, ВКД-и ИҶШС ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаьолиятҳои серҷабҳа бо кадрҳо чорабиниҳои зиёдеро амалӣ сохтааст. Чунончӣ,  дар ибтидои фаъолияташ, дар баробари дигар вазорату идораҳо, дар ВКД низ вазифаҳои холӣ хеле зиёд буд.   Ҳамчун аъзои Кумитаи Ҳизбии ВКД бо истифодаи донишу таҷоруби собиқааш дар миёни ҷузъу томҳои ВКД корҳои зиёдеро ба сомон расонида, дар муддати хеле кӯтоҳ аз ҳисоби комсомолону ҷавонон ва номзадҳо ба ҲКИШ дар марказу маҳаллот тамоми вазифаҳо ба кормандон-мутахассисон таъмин карда шудаанд. Чунин фаъолият ба он мусоидат кард, ки аз як ҷониб вазифаҳои нокомил пур карда шуда, аз ҷониби дигар, сифати хуби ҷараёни фаъолиятҳо дар ҷузъу томҳои МКД таъмин карда шавад.Ҳамчун шахсият, роҳбари ғамхору хирадманд, қавииродаю  созанда, Усмон Саломович доимо талош мекард, ки дар минтақаи ба ӯ вобастакардашуда корҳо хуб ва бо натиҷа бошанд. Кормандони поквиҷдону боинтизом ва содиқи хизматро дӯсту эҳтироми зиёд мекард.  Ҳангоми дар вазифаи муовини Вазир кор карданаш ба тамоми минтақаҳои дуру наздик, раёсату ҷузъу томҳои МКД ба сифати роҳбари бригадаҳои назоратӣ, тафтишӣ ва расонидани кӯмакҳои амалӣ сафарҳои хизматиро ба амал овардааст.   Ҳамчун роҳбар дар ҳама ҷо тақозо мекард, ки шаклу усулҳои пешқадами корро ҷӯянд ва онро дар фаъолияти амалӣ татбиқ созанд. Масъалаҳои оперативӣ-хизматиро ба таври принсипиалӣ ва уҳдабароёна ҳаллу фасл месохт. Ҳамчун марди оқилу илмандӯхта хислатҳои хуби инсониро аз қабили поквиҷдонию ростқавлӣ, меҳру муҳаббат ва садоқат ба касби пешакарда, ҷасорату шӯҷоату мардонагӣ дар иҷрои вазифаи хизматию муносибат ба корафтодагон ташвиқу тарғиб мекард. Худ низ инъикосгари ин хислатҳои воло буду татбиқи онҳоро аз дигарон талаб мекард. Дар ҷараёни фаъолияташ дар ин вазифаи масъул хотироти хуберо ба ёдгор гузошт. Моҳи январи соли 1987 Усмон Саломович бо хоҳишу гузориши худ аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Шуъбаи кадрҳои ВКД озод шуда, ба ихтиёри ВКД фиристода шуд.

ФАЪОЛИЯТ ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ  МУТАХАССИСОН      Азбаски Усмон Саломович ҳунару маҳорати омӯзгорӣ ва педагогӣ низ дошт, бинобар он бо тавсияи сардори Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, генерал-майори хизмати дохилӣ Ожиганов Н.И пешниҳод карда мешавад, ки номбурда ба вазифаи сардори дар шаҳри Душанбе будаи Факултети таҳсили ғойибонаи Мактаби олии ВКД шаҳри  Тошканд таъин карда шавад. Пешниҳод аз ҷониби Тоҷикистон ва Москва якдилона пазируфта мешавад.          Дар муддати роҳбарияш солҳои 1987-1991 Шуъбаи Душанбегии таҳсили ғойибонаи Мактаби олии Тошкенти ВКД ИҶШС ба дастовардҳои мушаххас ноил гашта, базаи моддию техникӣ ва ҷараёни таълим муҷаҳҳаз ва мукаммал гашт, чанд маротиба хатми мутахассисони риштаи ҳуқуқ барои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ба амал оварда шуд. Усмон Саломович мунтазам донишҳои педагогӣ ва касбии худро такмил дода, барои иҷрои бечуну чарои тамоми санадҳои меъёрӣ ва дастуре, ки ҷараёни таълимро ба низом медаровард, шароитҳои мусоид фароҳам месохт. Ва ҳамчун роҳбари боинтизому вақтшинос на танҳо дар миёни коллективи худ, балки дар миёни коллективи Мактаби олии шаҳри Тошканд низ обрӯ ва эҳтироми махсус дошт.  Баъди пошхӯрии сохти шуравӣ ва соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон масъалаи ташкили Мактаби олии ВКД Тоҷикистон дар заминаи Мактаби миёнаи махсуси милитсия ба миён омад. Бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №372 аз 23-юми декабри соли 1991 дар шаҳри  Душанбе Мактаби олии ВКД ҶТ таъсис дода шуд.    Хизматҳои шоиста ва истеъдоди Ҷумъаев Усмон Саломовичро ба инобат гирифта, ӯро ба ҳайси нахустин сарвари Мактаби олии ВКД тайъин намуданд.  Ва дар ин вазифа то январи соли 1993 фаъолият кард. Дар ин рӯзҳои мушкиле, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги дохилӣ оғоз шуда буд, Усмон Саломович тамоми нерӯ ва маҳорати худро баҳри ҳимояи манфиатҳои Мактаб сарф намуда, ҳайати устодону курсантонро нигоҳ дошт ва аз худ хотироти хуберо боқӣ гузошт.

МУКОФОТҲО. Барои хизматҳои арзанда ва содиқона Усмон Саломович бо ордену медалҳо, Грамотаҳои фахрӣ, Ифтихорномаҳои ВКД ИҶШС, Тоҷикистон, Афғонистон ва беш аз 40 номгўй мукофотҳои молию пулӣ сарфароз гардидааст.

АЪЗОИ ФАЪОЛИ СОЗМОНИ СОБИҚАДОРОНИ ВКД.  Шахсе, ки дар меҳнат обутоб ёфтааст, дар як ҷо қарор дошта наметавонист. Бинобар он, дар нафақа буду лекин ба сифати ҳуқуқшинос дар дигар корхонаҳо фаьолият карда, дар хизмати мардум қарор дошт. Хислати асосии ин марди наҷиб он буд. ки ҳамеша ва мунтазам ба Академияи ВКД ташриф меовард ва тамоми чорабиниҳои ҳайати шахсии Академия бе иштироки ин марди  фозил сурат намегирифт ва гули сари сабади маҳфилҳо буд.   Дар тӯли солҳои 1993-2010 даҳҳо маротиба мулоқотҳои расмии Усмон Саломович бо курсантону шунавандагони Академия сурат гирифтааст, ки ҳар яке аз онҳо фаромӯшнашаванда  мебошанд.   Панду насиҳатҳои падарона, ташвиқи дӯстиву рафоқат, меҳнатдӯстию ватандӯстӣ, донишомӯзӣ ва садоқату самимияте, ки дар сӯҳбатҳои   Усмон Саломович сурат мегирифт, шогирдонро барои хизмати оянда ба халқу Ватан ҳидоят мекард. Сӯҳбатҳои самимӣ, саволу ҷавобҳо имрӯз дар хотираи садҳо шогирдон абадӣ нақш гузоштанд ва фаромӯшнашавандаанд. Хизматҳои арзандаи мураббии ҷавонон Усмон Саломовичро ба назар гирифта, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-полковники милитсия Абдураҳим Абдулаҳадович Қаҳҳоров ӯро бо медали «85-солагии милитсияи Тоҷикистон»  сарфароз намуд, ки он нишони эҳтиром ба собиқадорон ва арзёбии саҳми онҳо дар тарбияи кормандони ҷавон буд. 27-уми июни соли 2010 дар Академияи ВКД чорабинии муҳиме бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ доир шуд. Шодравон Усмон Саломович бояд дар ҳайати Раёсат мешишту баромаде низ мекард. Вале, мутаассифона, дигар ба Академияи ВКД наомад ва риштаи ҳаёти ӯ дар ин рўз канда шуд. Қалби пок, сӯҳбатҳои самимона, суханҳои оташин ва намакини ин инсони нексиришт, накӯпиндор дар хотираи ҳазорҳо нафар шогирдонаш, ки  имрӯз дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ хизмат карда истодаанд, фаромӯшнашаванда ва абадзинда мебошад.

НАЗАРЗОДА НОСИР – профессори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *