ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ДАР КӮҲИСТОН
13 феврали соли 2025 номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Кӯҳистони Мастчоҳ”,№53 Бобозода Хайрулло бо интихобкунандагон дар деҳаи Роғи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳия вохӯри доир намуд.
Дар вохӯрӣ Бобозода Хайрулло нахуст барномаи пешазинтихоботии хеш ва ҳадафу мароми онро мушаххасан баён карда аз ҷумла чунин гуфт- Ба касе пушида нест, ки Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиорҳои “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ, зиндагии шоистаи мардум” ва “Барои пешрафт ва садоқати халқи Тоҷикистон” садоқати худро бо арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократии, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёни эълон дошта барои тарақиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳо ва имкониятҳоро амалӣ мегардонад.
Вазъияти босуръати тараққӣ кардаи ҷаҳони муосир, таҳаввулоти ҷаҳонӣ ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки дар ҳамбастагӣ баҳри оромиву осудагӣ дар кишвар ва рушди як гушаи кишвари азизамон талош намоем.
Барномаи пешазинтихоботии ман, ки мароми асосии он рушди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ободу шукуфоии он аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар самтҳо мебошад, дар ҳамбастагӣ ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи Шумо интихобкунандагон, амали карда мешавад.
Ҳамчунин дар ин дидор доир ба масъалаи таълиму тарбия насли наврас тадбирҳои ободонӣ ва дигар масъалаҳои мубрам бо интихобкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.
«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»


