ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Имрӯз санаи 10 уми феврали соли 2025 дар толори хурди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони  Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло бо корманди соҳаи тандурустии ноҳия вохӯри доир намуд.

Дар вохури табибони  беморхона ва шӯъбаву бахшҳои он, кормандони марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, маркази имунопрофилактика, Маркази мубориза бо ВНМО иштирок намуданд.

Нахуст муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова доир ба фаъолияти бурду бохти муассисаҳои тандурустии ноҳия дар соли 2024  маълумоти  муфассал дода иброз намуд, ки  дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ  бо (  4- шӯъбаҳо : Пастиғав, Мадрушкат, Сабағ, Роғ), 1 маркази саломатӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳҳои саломатии деҳот фаъолият менамоянд.  Айни замон дастараси ба хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин зикр кард, ки новобаста аз талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва худи кормандони тиб ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ тиббӣ дар ҳудуди ноҳия норасоии кадрҳо  ва таъмирталаб будани баъзе аз муассисаҳои тиббӣ аз мушкилоти умдаи соҳа боқӣ мемонанд. Пас аз таҳлилу баррасии мушиклоту камбудиҳои  муассисаҳои соҳаи тандурустӣ  Раиси ноҳия аз табибон ва роҳбарони чанде аз муассисаҳои тандурустии ноҳия пурсиш ба амал овард . Сипас Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло суханронӣ намуда, таъкид кард, ки табибон бояд он ҳама дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд сармашқи кори худ қарор дода дар ин раванд ҷиддан корбарӣ намуда софдилонаву содиқона ба   иҷрои саривақтии рисолати касбии хеш расанд. Ҳамчунин доир ба мушкилотҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳо, беҳтар намудани хизматрасонӣ тиббӣ, пешгирии аҳолӣ аз ҳаргуна бемориҳои сироятӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, пешгирии аз таваллуди хонагӣ, риояи оинномаи соҳаи тандурустии, муошират ва муносибат бо бемор,  ҷалб кардани табибони соҳибкасб ҳарф зада,  ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои соҳа ва боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ тиббӣ дар ноҳия ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки  айниҳол дар ноҳия 21 табиб ва 92 дорои маълумоти миёнаи тиббӣ дошта, ба аҳолии ноҳия хизмат менамоянд.

ПАЁМИ КӮҲИСТОН

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *