Мусобиқаи футбол байни деҳаҳо…
Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади рушди футбол дар тамоми деҳаҳои ноҳия мусобиқаи Футбол баргузор мегардад. Санаи 8 уми феврали соли 2025 бо ташаббуси ҷавонони деҳаи Виткон ва Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ дар деҳаи Виткон мусобиқаи Футболи хурд байни дастаҳои ин намуди варзиш баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз даҳ деҳаи ҷамоати деҳоти «Иван-тоҷик» иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории мусобиқаи футбол то санаи 23 уми феврал баргузор гардида дар рӯзи таҷлили ҷашни Артиши миллӣ ғолибон бо ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.


