МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ҶОНИИ ҲАР ЯК ФАРДИ СОЛИМФИКР АСТ!
Терроризму экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, сарчашмаи қатлу куштор ва даҳшату ваҳшоният мебошанд.
Воқеан ҳам, ягона мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳоли имрӯз ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон аст. Зеро ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи падидаҳое мебошанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатии ҳар як кишвар ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд. Бинобар ин, ҷавононро, ки қишри ояндасози ҳар як давлат маҳсуб меёбанд, зарур аст, ки аз ин падидаҳои нанговар дурӣ ҷӯянду пайи омӯзишу азхуднамоии ҳунару касбу кори гуногун шаванд, то ба ин васила ҳам дар ҷомеа аз худ номи нек гузоранду ҳам ободкору созандаи кишвари хеш гарданд.
Табиист, ки онҳое ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта дохил мешаванд, шахсоне мебошанд, ки саводи казоии динию дунявӣ надоранд, моҳияти ҳаракатҳои худро дуруст дарк намекунанд. Ин ашхоси фирефта ва гумроҳ даст ба амалҳое мезананд, ки сабаби марги инсонҳои бегуноҳ мегардад.
Бояд зикр кард, ки аксари ҷавононе, ки аз назорати оила дур мондаанд, фирефтаи гурӯҳҳои тундрав шудаанд. Аз омӯзиш дур мондани онҳо низ яке аз ин омилҳо буда метавонад. Чизи дигаре, ки боиси нигаронист, ин бо роҳи фиреб ҷалб намудани ҷавонони зудбовар ба ин гурӯҳҳо мебошад. Аксари ҷавонони ноогоҳ аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ пайвастаанд, ки, мутаассифона, аксарият фарҳанги дурусти истифодаи интернетро намедонанд.
Имрӯзҳо аз воситаҳои ахбори умум, рӯзномаю маҷаллаҳо метавон ба натиҷа расид ва мушоҳида кард, ки ҳодисаҳои террористиву даҳшатборе, ки дар аксари мамолики ҷаҳон сар зада истодаанд, ҳеҷ шахси солимфикрро бетараф намегузоранд, ки ин амалҳои зишти террористонро нодида гирад.
Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, ягон давлати мусулмоннишин набояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд дошта бошад. Мақсади ин ҷараёнҳои террористӣ як аст: расидан ба ҳадафҳои ѓаразноки молӣ ва сиёсӣ, ки паси он миллиардҳо маблаѓ ва мақосиди ҳарчи бештар зиёд намудани пайравон, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани мардум ва бо ин роҳ ноором сохтани вазъи сиёсии мамлакатҳо.
Набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, тавсеаи терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои ифротӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ дар корбурди бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ боиси нигаронӣ мебошад. Ин воқеияти талх ба мо ҳушдор медиҳад, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт ба ҳеҷ ваҷҳ заиф нагардонем.
Мубориза бар муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Миллати тоҷик низ дар баробари дигар миллатҳои кишварҳои ҷаҳон амалҳои нангини ифротидоштаро маҳкум намуда, атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дастовардҳои Тоҷикистонро бештар аз пештар дар байни аҳолӣ, хусусан, ҷавонону наврасон ташвиқу тарѓиб менамояд, кӯшиш мекунад, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро ҷавонон аз даст надиҳанд. Мо, омӯзгорон низ, терроризму ифротгароиро шадидан маҳкум менамоем.
Имрӯз, дар шароити нави таърихӣ, ҷуѓрофиёи терроризм ва экстремизм боз ҳам васеъ гардида, бештаре аз давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифта истодааст. Ин муаммо ва мушкилоте ба шумор меравад, ки ҳаллу фасл, пешгирӣ ва аз миён бурдани он рисолати тамоми кишварҳои дунё ва роҳбарону сарварони онҳо маҳсуб мешавад.
Дар ин ҷода Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони яке аз чеҳраҳои бузурги арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва ташаббускори барномаи мусоид бар ҳаллу фасли муаммоҳои сайёра, борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи олам ба ин масъала руҷуъ намуда, мақоми шахсии хеш ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза алайҳи ин мушкилоти аср муайян намудаанд. Чунончи, зимни суханронии худ дар иҷлосияи байналмилалии мубориза бо терроризм санаи 25-уми июни соли 2011 дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон — шаҳри Теҳрон чунин ибрози ақида намуда буданд: «Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ѓайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст».
Дар шароити имрӯза ҳамаи моро зарур аст, ки муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба миллат, давлат ва сарзамини аҷдодии хеш нишон дода тавонем ва дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, бо ин зуҳуроти нангин дар муқобилату муборизаи беамон қарор дошта бошем. Заррае ҳам бошад, аз ҳимояи ин марзу бум, хоки муқаддаси хеш дар канор наистем. Дар ин росто, моро лозим аст, ки дар истифодабарии аз меъёр зиёди компютер ва телефонҳои мобилӣ ҳам нисбат ба ҷавонон ва насли наврас бепарвоӣ зоҳир накунем. Бахусус, бозиҳои компютерӣ, истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ ҷои китобхониро дар ҳоли имрӯз гирифтааст. Бинобар ин, мо уҳдадор ва вазифадорем, ки баҳри ҷалби ҷавонону наврасон дар мутолиаи китобҳои дарсию бадеӣ саҳмгузор бошем. Яке аз паҳнгаштатарин усули заҳролуд кардани майнаи насли кунунӣ бозиҳо ва истифодаи аз ҳад зиёди телефон ва компютерҳо мебошад. Он мисли оҳанрабо насли ҷавонро ба худ мекашад. Аз ин рӯ, мо – омӯзгорон ва умуман, падару модаронро зарур аст, ки зарару фоидаи ин амалҳоро ба шогирдон ва фарзандонамон ҳар сари чанд вақт ёдрас шавем. Имрӯз мо бояд тамоми малакаву маҳорат ва дониши худро ба бунёди ҷомеаи озод равона намуда, баҳри ҳаёти осоиштаи инсоният, тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ саҳми босазо гузорем.
Мусаллам аст, ки дар замони имрӯз кишвари мо аз ҷумлаи он давлатҳоест, ки беҳтарин шароити зиндагиро барои мардумаш муҳайё сохта, асоси ҳастии халқу миллатро ваҳдат, ягонагӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ медонад. Миёни ин муродифот сулҳу ваҳдат мақоми шоён ва арзанда доранд, ки талқини он ба ҷаҳониён роҳи хубе барои расидан ба ҳадафҳои созандаро дорад.
Бояд дарк намуд, ки вуҷуди миллат бо ваҳдат тавъам аст. Миллате дар олам шуҳратёр мегардад, ки аҳли онро оқилон, хирадмандон, ҳамдигарфаҳмон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, ҷомеаи моро зарур аст, ки пайваста ҷиҳати пешгириву мубориза ва роҳ надодан ба вуруди афкори бегона ба андешаву тафаккури мардум, аз ҷумла насли наврасу ҷавони кишвар доимо мубориза барад.
Саидбек РОФИЗОДА, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ, аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод”

