ПАЁМИ ПЕШВО — РОҲНАМОИ МО БА СӮИ ФАРДОИ НЕК!

 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки ба рушди ҳамаҷонибаи  Тоҷикистони азизу маҳбубамон равона шудааст, аз як тараф мужда ва уҳдадориҳои нав дар раванди сиёсати давлат аст ва аз тарафи дигар, бошад ба масъалаҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо диққати махсус дода шуданро арзёбӣ менамоянд.

   Маврид ба таъкиди хос аст, ки ҳар сол дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, соли махсуси рушд дар яке аз соҳаҳои муҳимтарин эълон мегардад. Соли 2022-2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» эълон шуд, ки мақсади асосии он саноатикунонии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории нав ва рушди корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад.  Ду сол пас аз шурӯъи амали ин иқдом, натиҷаҳои назаррас ба даст омада, зиёда аз 1200 коргоҳ ва корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфтаанд, ки беш аз 11 ҳазор ҷойи кориро фароҳам оварданд.

Аз ҷумлаи дигар самтҳои муфиди Паём, ба назар мерасад, ки рушди соҳаи варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим ба манзури баланд бардоштани сатҳи саломатии мардум ва омодасозии варзишгарони касбӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ба ин тартиб, яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба таври равшан баён шудааст, мусоидат кардан ба пешрафти соҳаи варзиш мебошад.

Ҳамзамон, дар Паёми Президенти кишвар такя на танҳо ба соҳаи саноат, балки ба масъалаҳои экология, бунёди неругоҳҳои барқии обӣ ва иҷрои стратегияи «иқтисоди сабз» дар солҳои оянда таъкид карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хотири расидан ба ҳадафҳои экологӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршаванда, то соли 2030 сохтмони неругоҳҳои барқӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар назар доранд.

Дар шароити муосир, бо технологиҳои рақамӣ ва инноватсия, Тоҷикистон ба самти рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи потенсиалии он равона шудааст. Бо эълон гардидани «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» барои солҳои 2025-2030, давлат ба таъмин кардани инфрасохтори рақамӣ, таҳкими қонуни танзимкунандаи соҳа ва дастгирии инноватсияҳо шурӯъ мекунад.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  мардуми кишвар барои рушди мамлакат ба унвони як самт барои қадамҳои нави амалӣ ва рушди муҳим ба назар мерасад, ки дар пайи рушд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технология тамоми имкониятҳоро ба истифода мебарад.

Бо талаб ва пешниҳоди Президенти мамлакат бояд то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда мешаванд.

Мо аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳар як нуқтаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ вазифаи пуршарафи худ дониста, барои сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқатмандона кору фаъолият менамоем.

Боварӣ дорем, ки дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар боло зикргардидаи Пешвои маҳбуби миллат ҳар як фарди соҳибдилу ватандȳст  ва  худогоҳу бофарҳанги кишварамон  бо дарки масъулият бо мо ҳамкорӣ  менамоянд.

Шоҳмирзо Неъмонов -Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *