Паёми Пешвои миллат роҳнамо барои бунёдкориву созандагӣ

Дар доираи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар маҷлисгоҳи  бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мулоқоти судманде баргузор гардид. Ин ҳамоиш ба баррасӣ ва таҳлили амиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 28 декабри соли 2024) бахшида шуда буд. Дар ин чорабинии муҳим Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, муовинони Раиси ноҳия, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Наврӯззода Имоммаҳмад, роҳбарони муассисаҳои давлатӣ, сокинони фаъоли ноҳия, омӯзгорону шогирдони макотиби миёна ва аъзои фаъоли ҳизб ҳузур доштанд.

Мулоқотро Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, таъкид намуд, ки дар айни замон дар 54 деҳаи зебоманзари Кӯҳистони Мастчоҳ силсиламулоқоту вохӯриҳо бо мардуми сарбаланди ноҳия ҷиҳати ташвиқу тарғиби муҳтавои Паёми сарнавиштсози Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ идома доранд. Мулоқоти имрӯза дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҳандозӣ шудааст.

Сипас, сухан ба шоир ва фарҳангнигори номвари тоҷик, корманди Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Абдуҷаббори Суруш дода шуд. Ӯ дар баромади пурмуҳтавои худ роҷеъ ба ҷанбаҳои маърифативу маънавии Паём таваққуф намуда, иброз дошт, ки дар ҳамаи Паёмҳои Пешвои муаззами миллат масъалаи аҳамияти калидӣ доштани худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳамчунин баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Эътибор ва таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди маориф ва фарҳанг гувоҳи он аст, ки илму дониш ва тафаккур аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддас ба шумор рафта, ояндаи дурахшони моро ободтару зеботар хоҳанд кард.

Дар идома, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, роҳбари маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” Саидумрон Саидов дар маърӯзаи пурмӯҳтавои худ ба шарҳу тавзеҳи ду мафҳуми меҳварии Паём – “Иқтисоди сабз” ва “Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ” пардохт. Номбурда зикр кард, ки Пешвои муаззами миллат ба модели рушди иқтисодии “Иқтисоди сабз” маҳз ба хотири боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар, таҳкими баробарии иҷтимоӣ, коҳиш додани хатарҳои экологӣ ва истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Зеро “Иқтисоди сабз” як роҳи ояндадор барои расидан ба рушди устувор ва фарогир маҳсуб ёфта, ба ҳифзи сайёра ва беҳбудии зиндагии наслҳои ҳозира ва оянда нигаронида шудааст. Мавсуф ҳамзамон роҷеъ ба ғояҳои инсондӯстона ва башардӯстонаи дар Паёми Президент инъикосёфта сухан ронд.

Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов ба Раиси ноҳия тӯҳфаҳои арзишманди Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода – беш аз 70 нусха китобҳои тозанашри адабиву бадеӣ ва илмиро, ки дар Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ба табъ расидаанд, супорид. Ин китобҳои нодир ба фонди китобхонаи ноҳиявӣ ирсол гардиданд.

Дар хотимаи мулоқот, Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло бори дигар таъкид намуд, ки ҳар як дастуру пешниҳодоте, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, барои рушду нумӯъ ва ояндаи дурахшони кишвари азизамон – Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар нақши роҳнаморо мебозанд. Ӯ афзуд, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст вазифадор аст нуктаҳои дар Паём дарҷгардидаро сармашқи кори худ қарор дода, содиқонаву софдилона дар роҳи ободии Ватан саҳмгузор бошад.Мавсуф ҳамчунин изҳори сипосу миннатдории самимии худро барои тақдими китобҳои пурарзиш ба Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва барои ташкили ин мулоқоти судманд ба Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир баён намуд

.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *