100 СОЛ ПЕШ Ё Фармони рақами 1

Дақиқан 100 сол пеш, 5-уми феврали соли 1924, аввалин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон) бо роҳбарии Нусратулло Махдум дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз карда, дар ҳамин рӯз «Фармони #1»-и худро содир намуд.

Фармон дар бораи масъалаҳое чун санаи оғози кори Ҳукумат, номи 15 нафар аъзои аввалини он, барҳамдиҳии КИМ Бухорои Шарқӣ ва дар ҳудуди Тоҷикистон ба ихтиёри ҳукумати нав гузаштани тамоми ҳокимият, санаи оғози кори баъзе вазирону вазоратҳои калидӣ, ҳудуди маъмурии ҷумҳурӣ дар он замон ва ғайра маълумотҳои дақиқу расмӣ медиҳад.

Хушбахтона, нусхаи аслии он ҳам дар шакли дастнавис ва ҳам дар шакли чопӣ то имрӯз боқӣ мондааст, ки арзиши махсусӣ илмӣ ва таърихӣ дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *