ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАҲНАМОИ ЗИНДАГИСТ
Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, имрӯз санаи 4 -уми феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо кормандони шуъбаву бахшҳо ва фаъолон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Ҳоҷизода Абдуллохон оиди нуқтаҳои асосии дар Паём дарҷ гардида сухан ронда, иброз дошт, ки ҳамасола ироа гардидани Паёми Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки фарогири тамоми самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро дар бар мегирад, барои тамоми қишрҳои ҷомеа дастур ва роҳнамо буда, мо бояд ҳар як нуқтаи дар Паём дарҷгардидаро барои худ сармашқи кор қарор дода содиқонаву софдилона барои ободии Ватан саҳмгузор бошем.


