АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲО ОИДИ ИҶРОИ САРИВАҚТИИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз санаи 3 -ум феврал дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҷаласаи назди Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода баргузор гардид. Дар ҷаласаи имрӯза нахуст оид ба  рафти таъмини иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2025» барраси гардида аз роҳбарони ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳо даъват ба амал оварда шуд, ки бо комисарияти ҳарбии ноҳия ҳамкории судмандро ба роҳ монда дар мӯҳлати муқарраршуда ва саривақтӣ иҷрои нақшаи даъват ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин дар идомаи маҷлис дигар масъалаҳо ва дастуру супоришҳое, ки  давоми ҳафтаи сипаришуда пешниҳод гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда бо пешниҳоди вазифагузориҳо барои ҳафтаи минбаъда ҷаласа ба итмом расид.

Паёми Кӯҳистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *