БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ ДАР НОҲИЯ

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ санаи 30-уми январи соли 2025 бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова ва сардори Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳия Ғафуров Содиқ ва дигар масъулин аз бунгоҳҳои тиббӣ ва шӯъбаву марказҳои беморхонаи ноҳия дидан намуданд. Ҳадаф аз дидор ва мулоқот бо кормандони тиб огоҳи пайдо кардан ба вазъу шароити муасисаҳои тиббӣ, баррасии мушкилотҳо  ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта роҳандозӣ гардида дар ин рӯз ҳамчунин сӯҳбату мулоқот бо кормандони тиб баргузор гардид.

Масъулин зимни вохӯрӣ махсусан ба омодагӣ ба мавсими зимистон, баррасии муроҷиати шаҳрвандон, таъмини доруворӣ дар муасисаҳои тандурустӣ, шароити нигоҳдории таҷҳизотҳои тиббӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, пешгирии таваллуд дар хона ва дигар масъалаҳо аҳамияти ҷиддии дода аз кормадони тиб пурсиш ба амал оварда баҳри камбудиву мушкилотҳои ҷойдошта ва ислоҳи он дастуру супоришҳо доданд.

Айни замон дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳҳои саломатии деҳот фаъолият бурда истодаанд. Ва бештари ин муасисаҳо бо дастгирии шарикони рушд дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъмиру таҷдид гаштаанд. Ҳарчанд, ки хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам мушкилот дар ин соҳа норасои мутахасисони касбӣ ва таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ба назар мерасад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *