ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ  САДА ДАР КӮҲИСТОН

Санаи 28 январи соли 2025  дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истиқболи ҷашни бостонии Сада чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар чорабинии Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва фаъолон ширкат доштанд.Чорабинии идона дар саҳни мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ 22 деҳаи Худгифи Офтобру баргузор шуд. Саҳни мактаб бо тарҳи намои хоси идона ороста шуда, дар он дастаранҷи деҳқонон- маҳсулотҳои кишоварзӣ ва меваҷот аз қабили картошка, сабзи, себ меваи хушки зардолу ва дигар анвои маҳсулот ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Инчунин дар баробари маҳсулотҳои кишоварзӣ гушаҳои ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби бонувони ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз қабили гулдӯзӣ дастидуз ,хурокиҳои миллию маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуда буданд. Раиси ноҳия ва ҳамроҳон аз намоишгоҳи идонаи ҳунармандон кишоварзони ноҳия дидан намуда, ба дастаранҷи деҳқонон ва ҳунари дастии  бонувон  баҳои баланд дод.

Сипас чорабини бо барафрохтани гулхани рамзи бо як шукӯҳӣ хос оғоз шуд. Нахуст Раиси ноҳия Бобозода  ба сухан баромада номаи табрикотии хешро ба муносибати иди Сада ироа кард . Зимни баромад Раиси ноҳия аз Сада ҳамчун ҷашни бостонӣ ва баёнгари таъриху тамаддуни ниёгони миллати тоҷик ёд карда иброз дошт,ҷашни бостонии Сада ёдгорие аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик ин маросимро  бо вуҷуди нодида гирифтан ва  монеаҳои зиёд,  ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандин ҳазорсолаи худ  ба сифати дӯрдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд. Хушбахтона бо шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои фарҳанг-парваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Сада дар баробари дигар ҷашнвораҳои бостонии миллати мо дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ ва эътироф гардид.

Пас ироаи табрикоти аз ҷониби Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ба як зумра деҳқонон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, омӯзгорони фаъол ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки дар озмунҳои гуногуни минтақавию маҳалли фаъолона иштирок намуданд туҳфа ва ифтихорномаҳои тақдим намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабини ҳамчунин дастаи рақсии «Садбарг»  ширкат намуда, бо суруду таронаҳои ҷолиб ва рақсу намоишҳои зебо ба ҷашнвора ҳусни дигар зам намуданд.

САИДВОҲИДИ ҚОСИМ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *