ВАҲДАТИ МИЛЛӢ , ПОЯИ БАҚОИ ДАВЛАТ ВА САОДАТИ МИЛЛАТ!

Ба истиқболи рӯзи Ваҳдати миллӣ 27.06.2026 Ҳар миллате, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдат мерасад, роҳи рушду пешрафт ва зиндагии шоистаро интихоб мекунад. Барои мардуми Тоҷикистон 27-уми июн,Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, сулҳ бар низоъ ва муҳаббат бар кина мебошад. Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Агар Истиқлолият ба миллати тоҷик озодиву соҳибдавлатиро эҳдо карда бошад, пас Ваҳдати миллӣ ин неъмати муқаддасро пойдору устувор гардонд. Маҳз ба шарофати сулҳу субот имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар роҳи ободонӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Солҳои душвори аввали истиқлолият дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун давраи санҷиши ирода ва матонати миллат боқӣ мемонад. Дар он айём ҳазорон хонавода аз ҳам ҷудо шуданд, иқтисоди кишвар зарари калон дид ва мардум рӯзҳои сахтеро паси сар намуданд. Аммо ақлу заковат, иродаи қавии фарзандони фарзонаи миллат ва хоҳиши самимии мардум барои сулҳу оромӣ бар ҳама мушкилиҳо пирӯз гардид. Имрӯз ҳар фарди ватандӯст хуб дарк мекунад, ки сулҳу ваҳдат худ аз худ ба даст наомадааст. Он бо талошҳои зиёд, музокироти тӯлонӣ ва фидокориҳои фарзандони ватандӯст ба даст омадааст. Аз ин рӯ, ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ваҳдати миллӣ танҳо оштии сиёсӣ нест. Он пеш аз ҳама ваҳдати дилҳо, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагии мардум мебошад. Миллате, ки муттаҳид аст, метавонад ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ба қуллаҳои баланди тараққиёт расад. Имрӯз симои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба куллӣ дигаргун шудааст. Роҳҳои замонавӣ, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, мактабу беморхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва иншооти муҳташами иҷтимоӣ маҳсули фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Ин пешрафтҳо бори дигар собит месозанд, ки сулҳ заминаи асосии рушду ободии кишвар аст. Дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир ҳифзи ваҳдати миллӣ аз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон масъулияти баландро талаб мекунад. Ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои мумуқаддаси давлатдорӣ дар ҳифзи сулҳу ваҳдат саҳми арзандаи худро гузоранд. Ваҳдати миллӣ барои мо танҳо як ҷашн нест, балки мактаби бузурги зиндагӣ мебошад. Ин мактаб моро ба дӯстӣ, ҳамдигарбахшӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми якдигар даъват мекунад. Ҳар қадар ин арзишҳоро бештар пос дорем, ҳамон андоза ояндаи Тоҷикистони азизамон дурахшонтар хоҳад буд. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳар яки мо бояд шукронаи оромиву осоиштагии Ватанро намоем, барои таҳкими сулҳу субот ва пешрафти Тоҷикистони маҳбуб саҳми арзандаи худро гузорем .Зеро танҳо дар фазои ваҳдату ҳамдилӣ метавон ватани ободу пешрафтаро ба наслҳои оянда мерос гузошт.Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамеша чароғи фурӯзони роҳи  миллат, пояи устувори давлат ва кафили зиндагии шоистаи ҳар хонадони тоҷик бошад

Рустамҷони Абдуллоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *