ФАВРӢ!!! КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ НАҚШАИ ДАЪВАТРО ИҶРО КАРД
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-ум ро сифатнок иҷро кард дар ин бора аз Комиссариати ҳарбии ноҳия хабар доданд.
Бино ба иттилои расида ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати баҳори- ро дар миёни 18- шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз аввалинҳо шуда, ба анҷом расонид. Нақшаи даъват аз ҳисоби ҷавонони ғаюр, бо нангу номус ва ватандӯстӣ Кӯҳистони Мастчоҳ бо ифтихору сарбаланди иҷро гардид. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамасола дар иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешсафиро аз даст надода, нақшаро пеш аз муҳлат ба иҷро мерасонад. Ҳамасола дар кишвари азизамон Точикистон ду маротиба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ сурат мегирад. Солҳои охир ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ин раванд корбарии хубу мунтазам ба роҳ монда, нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро дар ҳар мавсим бо сарбаланди ба анҷом мерасонад.


