ГУСЕЛИ МУТАНТАНИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Санаи 1-уми апрели соли 2025 як гурӯҳ ҷавонони синни даъватӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Маросими гусели наваскарон дар маркази маъмурии ноҳия шаҳраки Меҳрон ба таври хос сурат гирифт. Ибтидо гурӯҳе аз ҷавонон ва наваскарон дар маркази ноҳия бо шиору овезаҳо бахшида ба Рӯзи даъватшаванда то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳпаймоӣ намуданд. Сипас дар толори бинои мақомоти иҷроия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад муовини якуми Раиси ноҳия Бурҳонзода Иноятулло, кормандони комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонон, наваскарону волидайни онҳо иштирок доштанд.
Дар оғози чорабини тантанави ба ифтихори гусели наваскарон муовини якуми Раиси ноҳия Бурҳонзода Иноятулло суханрони карда, хизматро мактаби асоси мардонагӣ ва ҷасорату шуҷоат номида чунин қайд кард.
Хизмат ин мактаби бузурги мардонагӣ ва далериву шуҷоат буда, кас дар ин марҳила ҳам рӯҳан ва ҷисман обу тоб ёфта ба камол мерасад. Ҳар як ҷавоне, ки дар худ эҳсоси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дорад бояд худро барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ масъул шуморад ва дар ҳифзи ин меҳани биҳиштосо ҳиссаи худро гузорад. Солҳои охир зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити будубоши сарбозон дар тамоми қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтар гардидааст зикр кард мавсуф. Дар фарҷоми сухан аз ҳамаи ҷавононе, ки бо масъулияти баланд барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ҳозир шудаанд, инчунин волидайне, ки фарзандашонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудаанд ва дар ин маъракаи муҳим ҳиссаи хешро гузоштанд изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин дар ҷамъомад барои фаъолияти пурсамар дар рафти иҷрои маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ чанде аз роҳбарони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва падару модароне ки ихтиёран фарзанди хешро ба ҳимояи ватан раҳсипор намуданд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариати ҳарбии ноҳияи бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд. Ҳамчунин дар Рӯзи даъватшаванда, наваскарон низ бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия баромад карда чорабиниро гуворо намуданд.
Саидвоҳиди Қосим


