ТАҶЛИЛИ ИДИ БОСТОН ДАР КӮҲИСТОН

Санаи 21-марти соли 2025 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.

Дар чорабини Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Давлаталӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд масъулину фаъолон ва пиру барнои ноҳия гирди ҳам омада буданд.

Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадими ва бузурги миллати мо буда, ин ҷашн бо фалсафаи хоси худаш, ки василаи рафоқату  дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию сарҷамъи ва пайки омадани баҳори нозанину гул-гулшукуфоии табиат дониста мешавад ҳамасола дар  бисёре аз кишварҳои ҷаҳон  аз ҷумла дар  Тоҷикистони  азиз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлили карда мешавад.  Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ дар радифи дигар сокинони мамлакат ин Иди бостониро басо ҷолибу хотирмон ҷашн гирифтанд.

Субҳи имрӯз фазои шаҳраки Меҳрон идона ба назар мерасид. Пиру барно аз ҷамоату деҳоти ноҳия ҷамъ омада буданд. Саҳни баргузории чорабини дар назди бинои МИҲД-и ноҳия  ҷолибу дидани ороста шуда буд. Сокинони ноҳия  дар саҳни чорабини хони наврӯзии хешро тибқи урфу отад ва суннатҳои хоси ин иди бостони густурда буданд. Ҳамчунин  дар гушае маҳсули дасти ҳунармандону кишоварзони ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд.  Нахуст Раиси ноҳия ва ҳайати меҳмонон аз маҳсули дасти ҳунармандон ва маҳсулотҳои кишоварзии ба намоишгузошта шуда, инчунин аз дастурхони идонаи сокинон, ки бо урфу одатҳои маҳал ва рамзи наврӯзи  оро ёфта буд, дидан карда ба дастранҷи ҳунамандону деҳқонон ва хони густурдаи сокинон баҳои баланд доданд.

Сипас Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло сокинони ноҳия ва иштирокчиёнро ба муносибати Иди байналмилии Наврӯз самимона табрик намуд. Зимни суханронӣ аз таърихи Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонии миллати тоҷик ёдовар шуда,  қайд кард, ки бо ташаббус ва иқдомҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ин ҷашни бостонии миллати мо яъне Наврӯз 15- сол қабл мақоми ҷаҳони касб кард, ки  инак дар баробари мо тоҷикон дигар давлатҳо ё худ сокинони зиёди гӯшаю канори олам ин иди аҷдодии моро ҷашн мегиранд. Ин падида мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ба таъбири дигар Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон худ Наврӯзи таърихи навини мамлакати мо буда, аз баракати марҳилаи бунёдкориву созандагиҳо, баҳори шукуфоии ғунчаҳо ва айёми ҳосил хабар медиҳад гуфт Раиси ноҳия.

Сипас  муовини Директори Агентии Хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарифзода Давлаталӣ ба сухан баромада Паёми табрикотии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ироа кард. Инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба иди Наврӯз ба самъи ҳозирин расонид.

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои фаъолияти хубу арзанда, чанде аз собиқадорони соҳаҳои гуногун, фаъолон ва ҳунармандони ноҳия, бо сипоснома ва мукофотҳои идона қадрдонӣ карда шуданд.

Чорабинии фарҳангии имсола бахшида ба иди Наврӯз хотирмон сурат гирифт. Зеро, имсол ба хотири болида гардонидани рӯҳияи идонаи сокинони ноҳия сарояндаи шинохта Сабурҷони Зокирзода ва дастаи ҳунарии «Садбарг» даъват гардида буданд,  ки бо рақсу сурудҳои ҷолибашон  баромада карда,  ба чорабинии идона ҳусни дигар зам намуданд.

Саидвоҳиди Қосим

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *