ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Бале онҳое, ки мегӯянд ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намуданд, беасос нест. Зеро решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Дар ин мавзӯъ касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсаду ҳадаф cap задааст

Албатта муҳаққиқон ба он назаранд, ки вожаи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш тарсу ваҳм аст. Ҳамчунин, дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” таррор ба маънои роҳзану одамкуш, киссабуру дузд ва маккору ҳиллагар оварда шудааст. Экстремизм бошад, аз калимаи фаронсавии “extremism” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ ва тундравист.

Ва дар воқеъ, барои шинохти террорист возеҳтарин таъриф каломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки пайваста таъкид мекунанд: “Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.” Оре инсоният аввалин бор ин суханони Пешвои миллатро мешунавад, чаҳор мисрае бе восита худ ба ёд мерасад.

Эй мавҷуди нопок, надонам зи чӣ ҷинсӣ?

Даҳшатфиканию падари тарсу ҳаросӣ!

Ноодамиятро ба яқин одамӣ донад,

Эй паст зи ҳайвону ҳама ғарқи маъосӣ.

Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фарогирифтаву зиёда аз садҳо таъриф мебошад ,ки барои мушаххас намудани он аз ҷониби олимон пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегӯяд: «Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон равона карда мешавад». Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Тибқи Фасли 8, Боби 21 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳо ба муқобли амнияти ҷамъитӣ аз моддаҳои 179 то 180 пешбинӣ менамояд. Тибқи моддаи 179 Кодекси мазкур мафҳуми “терроризм”-яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кидор, ки боиси хавфи марги одамон мегардад ва расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок гардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти далатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо фаҳмида мешавад. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мақсадҳои терроризм чунин шарҳ дода шудааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Бале чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”. Бояд қайд намуд ки терраризм ва экстремизми худ ин таҳлука ва ҳамчун вабои аср мебошад чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як паёми худ иброз менамоянд:

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башар хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.”

Бо боварӣ комил метавон зикр намуд, ки амалишавии консепсияи мубориза бар зидди фаъолияти террористӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва профилактикӣ таҳти роҳбарии сиёсати созандаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст. Зеро тамоми мақомоти қудратӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, комиссияҳо, гурӯҳҳои босалоҳият дар амалишавии сиёсати зиддитеррористӣ дар ҷумҳурӣ нақши бориз доранд.Чуноне ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, натанҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои харобиовари ин зуҳурот ҳимоя мекунад.” Бале бояд гуфт ,ки терраризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ҳаст, ки мардуми сайёраро ба биму таҳлука, тарсу ваҳм , ва хатарҳо таҳтид менамояд .

Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва читавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст” ва набояд фирефтаи он гашт.

Хушмаҳмадзода Саминахон       Файзимаҳмад  сокини  деҳаи Сабағ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *