ИҚДОМИ НАВРӮЗӢ — ба мактаб-интернати ноҳия маводҳои гуногуни озуқаворӣ дастрас карда шуд
Санаи 21.марти соли 2025 аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълимгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар рӯзи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ маводҳои гуногуни озуқаворӣ тақдим карда шуд. Маводҳои гуногуни озуқавориро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурӣ Шарифзода Давлаталӣ ба ин муассисаи таълимӣ дастрас намуда ба масъулини боргоҳи маърифат гуфт, ки сарпарасти ва дастгирии чунин муассисаҳои таълимӣ дар мадди назари ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои тарбия намудани ятимон бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат тибқи супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста чораандеши карда мешавад. Ба масъулин ва омӯзгорони муассиса таъкид кард, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳам оварада шуда, хонандагонро дар рӯҳия хуби ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Иди байналмиллалӣ Наврӯз ба муҳассилини мактаб-парваришгоҳ маводҳои гуногуни озуқаворӣ аз ҷумла шакар, равған, пиёз, макарон ва гӯшт дастрас карда шуд. Омӯзгорон ва муҳасилини ин боргоҳи маърифат аз ин иқдоми идона ва амали хайру савоб хушҳол шуда ба Пешвои миллат Муҳтарам Эмомали Раҳмон барои дастгирии пайвастаашон изҳори миннатдорӣ намуданд.
«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»


