Наврӯз ҷашни пайвандгари қалбҳо ва ваҳдатофари наслҳост
Паёми Табрикии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз
Ҳамдиёрони азиз
Сокинони шарафманди ноҳия Шуморо бо фарорасии иди байналмилалии Наврӯз, ки маҳз бо ташаббус ва ҳидоятҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидааст, табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо саодати рӯзгор ва бурдбориву мувафақият ва дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз комёбиҳои беназирро орзу менамоям. Воқеан ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона, дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Ин ҷашни зебову фараҳбахш ба гуфтаи аллома- Абурайҳони Берунӣ “Наврӯз зодаи мардумони ориётабор маҳсуб ёфта, дар саршавии он Каюмарсу Ҷамшед қарор доранд”. Ин ҳар ду бо гувоҳии маъхазҳои таърихӣ абармардони накуманд ва падарбузургони фарҳангофари тоҷикон Иди Наврӯз ҷашни саршор аз шарофату шафоат ва файзу баракат аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд менамоянд: «Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меоварад».
Ин иди азизу муътабар ва муқаддаси ниёгонро ҳар яки мо бо хушнудиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормони худро ба Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонем
Наврӯз натанҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳангӣ ғании ниёгонамон маҳсуб меёбад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд.
Дар сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст.
Бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз аз даврони қадимтарин то имрӯз миллати куҳанбуёди мо бо ормонҳои нек ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.
Ҳар як ҷашни миллӣ вобаста ба хусусиятҳои худ дорои рамзҳоест, ки ору ниятҳои мардум тавассути он ифода меёбад. Дар байни ҷашнҳои муҳими мардуми эронинаҷод се ҷашн вуҷуд дорад, ки инҳо Наврӯз, Меҳргон ва Сада мебошанд. Наврӯз ҷашни аввали баҳор, Меҳргон ҷашни аввали тирамоҳ ва Сада ҷашнест, ки дар даҳуми баҳман ё 30-январ таҷлил мегардад. Наврӯз бо эътидоли баҳоронаи шабу рӯз, эҳёи табиати хуфта ва оғози мавсими киштукор рост меояд ва дар ин миён аз маҳбубияти зиёде бархурдор аст. Дар аҳди Хусрави Парвиз, ромишгари бузург Борбад дурдонаҳои беҳтарин савту навои наврӯзиро дар оҳангҳои «Сози наврӯз», «Наврӯзи бузург», «Сабз андар сабз» иҷро мекард, ки он то замони мо боқӣ мондааст. Беҳтарин баҳорияҳо дар ситоиши Наврӯз ва баёни ормонҳои неки инсонӣ дар ашъори безаволи устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигар мутафаккирони тоҷику форс ба назар мерасад, ки бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки сарзамини Наврӯз, гаҳвораи тамаддуни наврӯзӣ ин сарзамини аҷдодии мост.
Ватани азизу маҳбуби мо Тоҷикистон сарзамини хуршедист, Наврӯзи хуҷастапай бо қадами мубораки худ дар ин сарзамин табиатро ба гулистон табдил дода бо ҷомаи сабзи худ барои мо зиндагии хуш ва нуру сафо ҳадя меорад. Рамзи нахустини оини Наврӯз нур ва равшании офтоб буда, аз дурахши он гулбаргҳои лола шукуфон мегардад, дар даврони мо онро «Гули сурх» меноманд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон худ Наврӯзи таърихи навини мамлакати мо буда, аз баракати марҳилаи пайгиронаи бунёдкориву созандагиҳо баҳори шукуфои ғунчаҳо ва айёми ҳосил фаро мерасад.
Имрӯзҳо Наврӯзи хуҷастапай бо қадами мубораки хеш ба сарзамини аҷдодии мо файзу баракат меорад, дар чеҳраи пиру ҷавон табассумро ҳувайдо карда ба қалбҳо сурур мебахшад.
Аз ҳамин сабаб Наврӯз дар эҷодиёти шифоҳии халқ ва адабиёти классикӣ ба таври васеъ инъикос ёфта, ашъори дар ин замина сурудашударо наврӯзӣ ё баҳория меноманд.
Дар ин лаҳзаҳо, ки қудуми мубораки Наврӯз ба сарзамини мо ворид мешавад аз Худованди муттаол таманнои онро мекунам, ки файзу баракати наврӯзӣ ба дастурхони ҳар як тоҷику тоҷикистони зиёда гардад, соҳибистиқлоли ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз поянда бошад.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак ҳамдиёрони азиз!

