ТАНТАНАҲОИ ИДОНА ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

0
21

Санаи 22-феврали соли 2023 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба қисми низомии 0229- и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМҶумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия буда, ташриф оварда, афсарону сарбозонро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба қисми низоми маводи хӯрока дастрас гардида, инчунин дар арафаи ин ҷашнвораи муҳим барои сарбозон дастурхони идона ороста шуд. Дар майдони сафорои қисми низоми афсарону сарбозон ҷамъомад доир карданд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  табрикоти Раиси ноҳия Бобозода Хайруллоро ба муносибати 30- солагии Артиши миллӣ расонида ҳамчунин ба чанде аз афсарону сарбозон барои хизмати намунавияшон ифтихорнома ва сипосномаҳои ҷашни супориданд.

Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ баромад карда, хотири афсарону сарбозонро дар арафаи 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шод намуданд.

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»