МАШВАРАТ ОИДИ ДАЪВАТ

0
34

Машварати васеи кории Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бо масъулин ва фаъолони ноҳия.

Санаи 21-уми феврали соли 2023 Раиси ноҳия Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бо масъулин, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва фаъолони ноҳия машваратӣ васеи корӣ доир намуд.

Дар машварат асосан масъалаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баррасӣ карда шуд. Нахуст Раиси ноҳия доир ба вазъи сиёсӣ ва тағйирёбандаи ҷаҳонӣ муосир, инчунин оиди пешрафту тараққиёт дар даврони соҳибистиқлоли ва таъмини амнияту суботи сиёсӣ дар мамлакат, беҳтар гардидани вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия, дар руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, рӯз аз рӯз тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар гардонидани шароит дар қисмҳои низомии мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳим муфассал суханронӣ намуд.

Дар рафти ҷаласаи васеи корӣ, Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло, комиссияи ноҳиявӣ оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар шахсони масъулро вазифадор кард, ки дар байни аҳолӣ, ба хусус миёни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳии муштарак ба роҳ монда, ҷиҳати саривақт иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ корбарӣ намоянд.

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»