НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БА МУНОСИБАТИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0
8

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз мову Шумо дар арафаи таҷлили ҷашни 30 – юмин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ба муносибати ин ҷашн бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҳамаи мардуми шарифи ноҳия ва тамоми хизматчиёни ҳарбии дар ноҳия бударо самимона табрик мегуям. Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар изҳор медорам, ки афсарону сарбозони далери шуҷоъи мо аз ӯҳдаи иҷрои ин рисолати басо пурмасъулият бо сарбаланди баромада истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд, ки «Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт Тоҷикистон ба фитнаю дасисаҳои нерӯҳои ифротгароӣ дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид».

Ҳифзи марзу буми кишвари мо аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботи оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно ғайри имкон мебошад. Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо дар рӯзҳои аввали Истиқлолият дарк мекарданд.

Вале маҳз дар ҳамон айём, яъне дар оғози даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизи мо бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллати тоҷик ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа баррасии чунин масъалаи муҳимтарини давлатдорӣ, яъне таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таъхир афтод.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки дар кишварамон вазъи сиёсӣ ноором буд Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худро дар заминаи холӣ ба миён гузошт. Барои бунёди ин аркони муҳими давлатдорӣ дар он замон ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Новобаста аз ин зери роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ таъсис дода шуд. 18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуда, Артиши миллиро дар заминаи фронти халқӣ ва гурӯҳҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд таъсис доданд. 23- уми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргӯзор гардид,ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди кишвар аст, дар тӯли 30 — соли бунёдаш озмоишҳои ҷиддиро пушти сар намуда, дар роҳи баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар ва ҳифзи ҳамаи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дар зарфи 30 сол Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳиссӣ баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд. Ҷавонони бонангу номуси ноҳияи мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Қобили зикр аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар гушаю канори гуногуни кишвар, фурӯ нишонидани ошубҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ва даҳҳо амалиёти махсус садоқати худро ба Ватан борҳо собит кардааст. Дар ин раванд, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дустиву рафоқат тарбия кардани афсарони ҷавон ва сарбозон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Масъалаи беҳтар кардани шароити хизмат, зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ таҳти таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ музди меҳнати хизматчиёни ҳарбиро зиёд намуданд. Дар баробари ин хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқуллодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои дастгирӣ ва зери ғамхорӣ фаро гирифтани қисмҳои низомии дар ҳудуди ноҳия буда, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда истодааст. Мо итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша бо иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан – Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат содиқ мемонанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳизматчиёни ҳарбӣ ва дар симои Шумо кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори 30 — умин солгарди таъсисёбии рӯзи Артиши Миллӣ табрик гуфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи душвор, вале пурифтихори хизматиатон барори кор ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям.

30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!