МАШВАРАТ ДОИР БА ТАМРИНҲОИ СИТОДӢ ОИД БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

0
16

Санаи 24-феврали соли 2023 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тамринҳои ситодии мудофиаи гражданӣ, барои давраи зимистон дар мавзӯъи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия ва ҳайати шахсии хадамотҳои ноҳия  ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табии дошта ва бартараф намудани оқибатҳои он» шуда гузашт.

Дар рафти ин ҷамъомад муовини якуми Раиси ноҳия Бурҳонзода Иноятулло,  муовини сардори мудофиаи граждании ноҳия, сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мирзобошиев Зафар, Сардори шӯъбаи КДАМ- и ноҳия Азимов Саидҷаъфар ва дигар аъзоёни ҳайати комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ширкат доштанд.

Нахуст Мирзобошиев Зафар  доир ба мавзӯъи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия ва ҳайати шахсии хадамотҳои ноҳия  ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табии дошта ва бартараф намудани оқибатҳои он» муфассал баромад карда,  вазифаҳои ҳайати комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи дар ҳудуди ноҳия амалкунандаро амиқу дақиқ баён кард.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз зумраи ноҳияҳои аз ҷиҳати хавфи офатҳои табии осепазир мебошад. Дар ин  диёри саросар Кӯҳсор ҳамагуна ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табии дошта рух доданаш аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин ҳайати комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои дар байни аҳолӣ ҷиддан корбари карда маърифати аҳолиро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табии дошта баланд бардоранд. Дар ҷаласаи назариявӣ доир ба тамринҳои ситодии мудофиаи гражданӣ баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, асосан масъалаҳои, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, омодагии ҳайати комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ, гузаронидани тамринҳо доир ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, дар байни аҳолӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия омода намудани маводҳои зарурӣ барои бартараф кардани ҳамагуна ҳолатҳои ба амал омадаи хусусияти табии дошта ва дигар масъалаҳои муҳим матараҳ карда шуда аз ҷониби ҳайати комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда нақшаву пешниҳод ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

«ПАЁМ КӮҲИСТОН»