АШХОСИ НИЁЗМАНД ҲАМЕША ТАҲТИ ҒАМХОРӢ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Санаи 28 уми феврали соли 2026 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд яккаву танҳо ва маъюб ва дар доираи сиёсати ғамхорона ва хирадмандонаи роҳбари давлат ба ғамхорӣ фаро гирифтани шахсони ниёзманд дар арафаи иду айём ва махсусан дар моҳи шарифи рамазон Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло дар деҳаи Пастиғав, Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-тоҷик чанде аз пирони барҷомонда, маъюбон ва ашхоси ниёзмандро аёдат намуд. Ҳангоми аёдат Раиси ноҳия аз ҳолу аҳволи иҷтимоии рузгорашон пурсон шуда, таъкид дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати инсондӯстонаи Роҳбари давлат ингуна ашхос пайваста мавриди дастгириву ғамхори қарор дода мешаванд. Аснои дидор аз ҷониби Раиси ноҳия ба онҳо кӯмаки яквақтаи расонида шуд. Аз ин амал пирони барҷомонда ва ашхоси ниёзманд хушҳол шуда, баҳри гулгулшукуфоии мамлакат дуъои нек намуданд.
Мавриди зикр аст ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо, ашхоси ниёзманд, маъюбон собиқадорони соҳаҳои гуногун ва пирони барҷомонда пайваста аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
ПАЁМИ КӮҲИСТОН


