Таҷлили 33-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ
Санаи 23 феврали соли 2026 дар шаҳраки Меҳрон маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.
Чорабинии идона дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифта, дар он Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Музаффар Носирзода, Комиссари ҳарбии ноҳия Ниёзмаликзода Далер, роҳбарону кормандони сохторҳои қудратии ноҳия, афсарону сарбозон, хонадагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар фаъолон ширкат доштанд. Чорабинии тантанавӣ бо садо-додани Суруди миллӣ ифтитоҳ шуд.
Дар оғози чорабини Раиси ноҳия ба сухан баромада афсарону сарбозонро ба муносибати таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Зимни суханрони хизмати ҳарбиро мактаби мардонаги номида, саҳми ҳар як афсар ва сарбози ватанро дар ҳимояи марзу бум ва таъмини суботу истиқлолияти давлати муҳим арзёбӣ карда таъкид дошт ки
— Имсол аз таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад 33- сол сипарӣ мегардад. Боиси ифтихор аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 33 соли даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ҳифзи истиқлолу озодии мамлакат, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро дар кишвар ҷавонмардона ва садиқона иҷро карда истодаанд. Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳиссӣ баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона менамоянд.
Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят Музаффар Носирзода ба сухан баромада Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро
ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми ҳозирин расонид.
Бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии кишвар аз ҷониби Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло барои фаъолияти пурсамар чанде аз афсарон, кормандони сохторҳои қудратии ноҳия бо сипоснома ва тӯҳфаҳои идона қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертии худ баромада карда хотири иштирокчиёнро шод намуданд.
«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»


