ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Санаи 18 уми октябр  дар муассисаи таҳсилоти умумии рақами 1 ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иди «Меҳргон» бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Дар оғози чорабинӣ нахуст аз таърихии ҷашнгирии иди Меҳргон, ки яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик мебошад ёдовари намуда масъулин иброз намуданд, ки Иди «Меҳргон» яке аз идҳои қадимтарин барои мардуми тоҷик ба шумор рафта дубора бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гардида, имрӯз ҳамчун рамзи файзу баракат ва меҳнати созанда таҷлил мешавад.

Ҳамчунин хонандагони муассисаи таълимӣ бо оростани дастархони идона, ки хоси анъанаҳои миллӣ, урфу одат ҳосили ба дастовардаи деҳқонон инчунин таҷассумгари расму оини ниёгон буданд, ба чорабини ҳусну таровати тоза бахшиданд.

Аз қадим Меҳргон — иди дӯстию меҳру муҳаббати табақаҳои гуногуни мардуми Шарқ аст.Дар ин иди қадимаи халқи тоҷик вакилони мардумони тамоми халқҳои ҷаҳон иштирок менамоянд ва ба ҷашни ҳақиқии байналмилалӣ табдил меёбад. Меҳргон баробари инкишофи деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ид мекарданд. Деҳқонон ба пешвози Меҳргон ҳашар мегузарониданд, сарулибоси нав мепӯшиданд, сайру базмҳо меоростанд. Меҳргонро дар давраи Сомониён бо тантана ҷашн мегирифтаанд.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ хонандагон бо қироати шеъру суруд ва саҳнаҳои рангин рӯҳияи омӯзгорон ва хонандагонро болида гардониданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *